Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи таъсиси Шоҳигарии Арабистони Саудӣ намоиши аксҳо баргузор гардид

Февраль 23, 2024 11:00

ДУШАНБЕ, 23.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи ҳамкории фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ва ба ифтихори Рӯзи таъсиси Шоҳигарии Арабистони Саудӣ намоиши ҷашнии аксҳо баргузор гардид, ки дар он намояндагии корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони вазорату кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати кормандону роҳбарияти Осорхонаи миллӣ иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва омода намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллӣ Алишер Зарипов иттилоъ дод.

Дар ибтидои намоиш Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид Абдураҳмон ар- Рушайдон гуфт, ки ҳамасола 22 феврал Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо номи «Рӯзи таъсис» санаи таъсиси мамлакатро таҷлил менамояд.

Ҳамзамон дипломати саудӣ доир ба таърихи таъсиси мамлакати Арабистони Саудӣ, марҳилаҳои рушду пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ин кишвар ибрози назар намуд.

Дар намоиш аксҳое, ки таҷассумгари таъриху фарҳанг, расму оин ва анъанаҳои миллии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Февраль 23, 2024 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст