Дар Венесуэла 15 нафар ҳангоми фурӯрезии кон ба ҳалокат расид
ДУШАНБЕ, 22.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи фурӯрезии кони кушодаи ғайриқонунӣ дар иёлати Боливари Венесуэла 15 нафар ҳалок гардида, 11 тан захмӣ шуданд, корҳои наҷотдиҳӣ идома доранд, иттилоъ дод Президенти ин давлат Николас Мадуро. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба АИР «Новости» хабар додааст.
«Дар корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ дар кони ғайриқонунии «Буля Лока» шахсан ҳокими шаҳр Анхел Маркано иштирок менамояд. Ду чархбол барои баровардани осебдидагон амал менамоянд», — иброз намуд президент.
Фурӯрезии кони кушода дар шаҳри Ангостура рух дода, навори он паҳн шудааст. Аз навор дида мешавад, ки дар кон даҳҳо нафар будаанд.
АКС аз манбаъҳои боз








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






