Дар яке аз роҳҳои Индонезия бар асари фаромадани ярч чор нафар ҳалок ва шаш нафар захмӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 27.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти иҷрокунандаи вазифаи роҳбари агентии бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиии музофоти Сулавеси Ҷанубӣ Амсон Пандоло, дар натиҷаи фаромадани сел дар роҳи музофоти Сулавеси Ҷанубӣ дар Индонезия чор нафар ҳалок ва шаш нафар захмӣ шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус «Синхуа» хабар додааст.
Ҳодиса дар минтақаи Бастем — Утара тақрибан соати 09:00 ба вақти маҳаллӣ баъди боронҳои шадиди шаби якшанбе рух додааст. Зиёда аз бист нафар дар натиҷаи ярч зарар дидаанд. Наҷотдиҳандагон ҷасадҳои ҳалокшудагонро берун бароварда, захмиёнро ба маркази тиббии деҳаи ҳамсоя интиқол додаанд.
Ҳамчунин дар бораи вайрон шудани шоҳроҳ ва баста шудани роҳе, ки чанд деҳаро мепайваст, гузориш дода шудааст. Гуфта мешавад, ки дар Индонезия дар мавсими боронгарӣ обхезӣ ва ярч тез-тез ба амал меоянд.
АКС аз бойгонӣ








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






