«ДУОИ МОДАР». Таҳти ин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
ДУШАНБЕ, 28.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. 27 феврал дар Маркази хизматрасонии «Дунёи ош»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони «Дуои Модар» барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид, ки дар он коргарзанҳои фаъоли вазорату идораҳо ва собиқадорони меҳнат иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Барномаи идона бо намоиши филми «Модар», ки фарогири иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи Зан-Модар буд, оғоз гардид. Сипас як гурўҳ модароне, ки писаронашон айни ҳол дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат хизмати Модар-Ватанро ба ҷо меоранд, даъват шуданд. Ғайричашмдошт барои ин модарон, писарони сарбози онҳо бо дастаҳои гул вориди саҳна шуданд. Сарбозон гулдастаҳоро ба модарони худ тақдим ва бузургии онҳоро бо шеъру тарона васф намуданд. Ҳамчунин модарони ин сарбозони далер сухан гуфта, шукри зиндагии орому осоишта ва сулҳу оромии мамлакатро намуданд. Онҳо иброз доштанд, ки аз чунин фарзанди содиқ ва хизматгор ба Ватан ифтихор менамоянд.
Дар идомаи чорабинии идона ба ин модарон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Туҳфаи аз ҳама арзишманд барои ин модарон он буд, ки ба хотири таҷлили Рӯзи Модар ба фарзандони онҳо, яъне ба ин сарбозон ба муҳлати 7 рӯз истироҳат доданд.
Сипас муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иштирокдорони ҳамоиши идонаро бо фарорасии Рўзи Модар таҳният гуфта, иброз дошт, ки занону духтарони Тоҷикистони соҳибистиқлол саодатманду хушиқболанд, ки давлату Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
«Дар солҳои соҳибистиқлолӣ қабули чандин қонуну барнома ва стратегияҳо ҷиҳати рушди ҳаёти занон дар Тоҷикистон далели гуфтаҳои боло мебошанд. Мо дар ҷавоб ба ин ғамхориҳои Сарвари давлат ва боварию эътимодашон ба мо, бонувон, бояд даҳчанд масъулиятро эҳсос намуда, фарзандони солиму дўстори Ватанро тарбия намоем. Зеро тавре Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, аввалин дабистони барои шахс ин домони модар аст»,- афзуд Дилрабо Мансурӣ.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода гуфт, ки мо, ҷавонон тавре Сарвари давлат ҳидоят менамоянд танҳо дар Рўзи Модар не, балки ҳамеша бояд ба хизматҳои бузурги зан-модар арҷ гузорем.
«Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону духтарон дар ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи иштироки онҳо дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, фароҳам овардани шароит барои донишомӯзӣ ва касбомӯзии занону духтарон ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани онҳо, такмили механизмҳои таъмини дастрасии занон ба захираҳои иқтисодӣ ва рушди соҳибкории занон тавассути ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ва грантҳои давлатӣ аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат буда, дар ин самт корҳои неку шоиста ба анҷом расонида мешаванд», — илова кард Зулфиқор Гулаҳмадзода.
Гуфта шуд, ки таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону духтарон мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавияшон ҳоло дар рушди иқтисоди мамлакат низ таъсири назаррас мерасонанд.
Вазъи иқтисодии ҷомеаи имрўзаи Тоҷикистон ва махсусияти иқтисоди бозоргонӣ доираи фаъолияти занонро беш аз пеш зиёд намуда, аз шумораи умумии 340 ҳазору 115 нафар соҳибкорони инфиродии амалкунанда 79 ҳазору 985 (24,8%) нафарро занон ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 982 нафар зиёд аст.
Дар охир барои болидахотирии иштирокдорон аз ҷониби сарояндагони маъруфи Тоҷикистон сурудҳо дар васфи бузургии зан-модар пешниҳод гардиданд.
Зарангез ЛАТИФЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз