«Эсхата Онлайн» дар байни барномаҳои мобилии бонкӣ дар Тоҷикистон пешсаф аст!
ДУШАНБЕ, 05.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Эсхата Онлайн» беҳтарин барномаи мобилӣ мебошад, ки аз ҷониби коршиносон эътироф шудааст. Мо ифтихор дорем, ки барномаи мо бо эргономика ва функсионалаш фарқ менамояд, ки он дар натиҷаи таҳқиқоте, ки тарафи Ассотсиатсияи ташкилоти маблағгузории хурди Тоҷикистон (АТМХТ) ва агентии машваратии “SMART” гузаронида шудааст, тасдиқ мегардад.
Дар ин таҳқиқоти калон 11 муассисаи молиявии мамлакат иштирок намуд. Мо мақоми пешсафиро соҳиб шуда, холи баландтарин – 70,3 гирифтем ва бо ифтихор гуфта метавонем, ки “Эсхата Онлайн” дорои таҷрибаи хуби корбарӣ ва доираи васеи вазифаҳои осону мувофиқ, аз қабили идоракунии суратҳисобҳо, пардохтҳо ва муомилоти пулӣ, амнияти боэътимод ва дигарҳо мебошад.
Барномаи мобилии мо имрӯз аз ҷониби беш аз як миллион нафар истифода бурда мешавад ва шумораи онҳо зиёд мегардад. Мо пайваста барномаамонро барои қонеъ намудани ҳама ниёзҳои мизоҷонамон такмил медиҳем.
Агар шумо ҳанӯз ҳам истифодабарандаи “Эсхата Онлайн” нестед, мо шуморо даъват менамоем, ки ба ҷомеаи бузурги мо ҳамроҳ шавед ва аз тамоми бартариҳои барномаи мобилии мо баҳра баред. Барномаро дар ин ҷо зеркашӣ кунед: http://eskhata.com/online
Бонки Эсхата омода аст, ки шуморо дар роҳи муваффақият ҳамроҳӣ намояд. Имрӯз ба мо ҳамроҳ шавед ва бо ёрии “Эсхата Онлайн” ҳаёти молиявиатонро осонтар гардонед.
АКС: «Бонки Эсхата»








Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд






