Гела Шекиладзе сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъйин гардид

Февраль 21, 2024 18:45

ДУШАНБЕ, 21.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе, ки қаблан ёвари Петр Сегрт буд, сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъйин шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Тамоми ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки ду соли охир дар даста кор намудаанд, бо тими миллии мамлакат ҳамкориро идома медиҳанд. Ёвари Шекиладзе мутахассиси дигари гурҷӣ Тамаз Бокерия хоҳад буд. Алишер Тӯйчиев мураббии дарвозабонони дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва Алифбек Беромов мураббӣ-таҳлилгари даста боқӣ мемонанд.

Гела Шекиладзе айёми футболбозӣ дар дастаҳои «Динамо-Батуми» (Гурҷистон), «Лйерс» (Белгия), «Руселаре» (Белгия), «Арсенал» (Украина) ва ССКА (Украина) ба ҳайси ҳимоятгар бозӣ намудааст.  Вай дар ҳайати тими миллии Гурҷистон 22 бозӣ анҷом додааст.

Солҳои 2007-2011 Гела Шекиладзе дастаҳои миллии Гурҷистонро (U-15, U-16, U-19, U-21) роҳбарӣ намудааст. Илова бар ин, Шекиладзе ёвари Сегрт дар дастаҳои миллии Гурҷистон, Афғонистон, Молдив ва Тоҷикистон буд.

Гела Шекиладзе дорои иҷозатномаи мураббигии категорияи «Pro»-и УЕФА мебошад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Февраль 21, 2024 18:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд