Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар самти сайёҳӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 16.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Зимни мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиризо Ҳақиқиён маҷмуи масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистон ва Эрон вобаста ба имконияти сайёҳии тарафайн ва рушду ҳамкорӣ дар ин соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ таъкид намуд, ки имрӯз шумораи сайёҳони Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ба Тоҷикистон меоянд, ба маротиб меафзояд, ки ин нишонаи сиёсати созанда ва бобарори роҳбарияти олии ду давлат мебошад.
Инчунин роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ имтиёзҳоеро, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи сайёҳӣ пешбинӣ шудаанд, ба Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон расонида, иброз намуд, ки мо барои ҳамкории самарабахш ва дӯстона дар соҳаи сайёҳӣ ҳамеша омода мебошем.
Сафири Эрон низ пешниҳодҳоро қабул намуда, тазаккур дод, ки барои боз ҳам бештар намудани ҳамкорӣ ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон аз Эрон ба Тоҷикистон ҷаҳду талош менамояд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
Дар шаш моҳ беш аз 930 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ мавзеъҳои сайёҳии Хатлонро тамошо намуданд
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд
Дар Душанбе дар мавзуи «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» форуми байналмилалӣ баргузор мегардад
Давоми шаш моҳи соли 2026 зиёда аз 700 ҳазор сайёҳон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои пешрафтаи Чину Ҷопон тақвият меёбад
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Дар шаш моҳ беш аз 30 ҳазор сайёҳони хориҷию дохилӣ ба ноҳияи Варзоб омадаанд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар шаш моҳ беш аз 199 ҳазор сайёҳ маконҳои таърихӣ-фарҳангии шаҳри Кӯлобро тамошо намуданд
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Беш аз 20 намуди сайёҳӣ дар Тоҷикистон рушд дода мешавад






