РУШДИ МАОРИФ. Дар Тоҷикистон зинаи сеюми таҳсил ҳатмӣ мешавад

Февраль 22, 2024 15:37

ДУШАНБЕ, 22.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи тағйироти пешниҳодшуда ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» минбаъд шаҳрвандон уҳдадоранд баъд аз гирифтани таълими умумии асосӣ таълими миёнаи умумиро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ё мувофиқи хоҳишу қобилияташон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ гиранд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Хотиррасон мешавем, ки 20 феврали соли 2024 дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» мавриди баррасии вакилон қарор гирифт.

Зимни баррасии ин масъала иттилоъ дода шуд, ки Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шудааст. Дар асоси лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаҳои 6, 16, 17, 18, 36 ва 44 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйирот пешниҳод шудааст. Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади фарогирии шаҳрвандон ба таълими миёнаи умумӣ таҳия гардидааст.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни баррасии ин масъала гуфт, ки «бо назардошти пешниҳоди Сарвари давлат ҳатмӣ гардондани таҳсилоти миёнаи умумӣ барои баланд бардоштани имкониятҳои низоми маориф мусоидат менамояд. Ин ҳадаф шароит фароҳам меорад, ки раванди бонизом ва босифати таҳсилоти шаҳрвандони Тоҷикистон таъмин гардида, яке аз проблемаҳои мавҷуда дар ин самт ҳаллу фасл карда шавад. Хонандагон уҳдадор мешаванд, ки баъд аз хатми зинаи таҳсилоти умумии асосӣ таҳсилро дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ идома диҳанд».

«Бо ҳатмӣ гардондани таҳсилоти миёнаи умумӣ масъалаи ба таҳсил фаро гирифтани 34 200 нафар хонанда ҳалли худро меёбад. Инчунин, давраи худмуайянкунии касбии хонандагон дар асоси ҷамъбасти масъалаҳои назариявӣ ва банизомдарории малакаю донишҳои азхудкарда ва дарки асосҳои илми муосир дар ҷараёни таълиму тарбия ва ҷаҳонбинии шахс ба роҳ монда мешавад. Самти афзалиятноки зинаи мазкур омӯзиши фанҳои табиию риёзӣ, гуманитарию ҷамъиятӣ ва технологӣ амалӣ карда мешавад»,- илова кард Раҳим Саидзода.

Ба гуфтаи Вазири маориф ва илми мамлакат, хонандагон дар зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бошад, аз рӯи майлу рағбат ва қобилияташон таҳсилро дар зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ идома медиҳанд. Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои ҷалби хонандагон ихтисосҳои барои рушди иқтисодиёти миллӣ зарурро пешниҳод менамоянд.

Дар ҷаласа таъкид гардид, ки бо даровардани ин тағйирот яке аз Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030 кафолат додани он, ки ҳамаи духтарон ва писарон таҳсилоти ройгон, баробар ва босифати ибтидоӣ ва миёнаро ба даст оварда, ба натиҷаҳои мувофиқ ва самараноки омӯзиш оварда мерасонад, амалӣ гардонда мешавад. Дар натиҷа, масъалаи аз таҳсил дур мондани ноболиғон ҳалли худро ёфта, пеши роҳи болоравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, ки дар ҷумҳурӣ соли 2023 474 ададро ташкил медиҳад, гирифта мешавад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз 551 нафар ноболиғи дар ҳолати содирнамоии ҷиноят иштирокдошта 436 нафари онҳо (79,1 фоиз) ноболиғоне мебошанд, ки ба кор ва таҳсил машғул нестанд.

Вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода ин масъаларо шарҳ дода, гуфт, ки лоиҳаи қонун ҳамчун идомаи сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат ҷиҳати такомули бахши маориф барои татбиқи амалии ҳадафҳои стратегӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандии муваффақ муаррифӣ мегардад.

«Ба андешаи мо, зарурати ворид намудани тағ­йирот ба қонуни мазкур аз ду ҷиҳат муҳим аст: Якум, дар шароити кунунии рушди бесобиқаи техникаю технология ва табодули маълумот фарогири танҳо таълими умумии асосӣ будан барои ҷавондухтарону ҷавонписарон басанда нест. Ин ҳолат метавонад боиси рукуди зеҳнии онҳо дар муҳити ҷомеапазирӣ гардад ва рушди сармояи инсонии онҳоро маҳдуд бисозад. Аз ин рӯ, уҳдадор намудани онҳо барои идомаи таълим дар муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ ё муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ ба манфиати шаҳрванду ҷомеа хоҳад буд, ки дар натиҷа ба кору фаъолиятҳои зиёди судовар машғул шудани онҳоро осон мегардонад. Дуюм, вазъияти зудтағйирёбандаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ осебпазирии қишру табақаҳои гуногуни кишварҳоро башиддат афзун гардонидааст. То ҳанӯз сатҳи пасти донишҳои дунявию эътиқодӣ ва аз рӯи пастмаърифатию беэҳтиётӣ паёмак додани ҷавонони ноогоҳ ба сомонаҳои ташкилотҳои мамнӯи террористию экстремистӣ боиси гирифторию саргардонӣ, зиндону маҳбас шудан ва гоҳо ба ҳалокат расидани онҳо мегардад. Бегумон, таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба таълиму тарбия ва маърифату касбомӯзии ин гурӯҳи шаҳрвандон барои ташаккули мафкураи созгори ҷамъиятӣ мусоидат намуда, ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро дар байни онҳо тақвият мебахшад ва сатҳи содир кардани ҷиноятҳоро коҳиш медиҳад»,- иброз дошт Файзулло Баротзода.

Ба андешаи вакили Маҷлиси намояндагон Мавзуна Шамсиддинзода, мақсади лоиҳаи қонуни мазкур баланд бардоштани сифати таҳсилот дар раванди таълими миёнаи умумӣ, гирифтани касбҳои гуногун дар шароити имрӯза барои ҷавонон, хусусан духтарон, ниҳоят муҳим буда, барои дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ ва иқтисодӣ таъсис додани ҷойҳои нави корӣ имкониятҳои васеъро фароҳам меорад. Таълим гирифтан, касб омӯхтан, ҳунарманд шудан замина ба зиндагии ояндаи ҷавонон мебошад.

Бузургон барҳақ гуфтаанд: «Ҳунар чашмаи зоянда ҳасту давлати поянда».

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода вобаста ба масъалаи баррасишаванда пешниҳод намуд, ки ба фоидаи кор мешуд, агар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор намудани фаъолияти комбинатҳои таълими истеҳсолиро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор диҳад, зеро ин иқдом барои соҳибкасб гаштани ҳар як шаҳрванд, ки аз дастуру супоришҳои Президенти мамлакат бармеоянд, мусоидат хоҳад намуд.

Лозим ба ёдоварист, ки тибқи ҷумлаи дуюми моддаи 2 лоиҳаи қонуни баррасишаванда гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ нисбат ба шаҳрвандоне, ки то мавриди амал қарор додани он таҳсили умумии асосиро гирифтаанд, татбиқ намегардад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 22, 2024 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ашт бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 ба истифода дода шуд
ҲАТМӢ ГАРДИДАНИ ЗИНАИ СЕЮМИ ТАҲСИЛ ДАР ТОҶИКИСТОН ? Шарҳи АМИТ «Ховар» дар ин мавзуъ
«АЗ ПЕШВО БИОМӮЗ, ДАРСИ ВАТАНПАРАСТӢ». Вобаста ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ҳамоиш доир шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар доираи Ҳафтаи илм конференсияи илмӣ-назариявӣ гузаронида шуд
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат
КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Бахшида ба он дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ