Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Кореяро ба ҳузур пазируфтанд

Февраль 7, 2024 10:00

ДУШАНБЕ, 07.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донгсок бо хоҳиши ӯ мулоқот анҷом доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҷумҳурии Корея мавриди музокира қарор дода шуд.

Раиси шаҳри Душанбе Квон Донгсокро ба муносибати оғоз гардидани фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон — дар ин маснади пуршарафу ҳамзамон сермасъул самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки бо талошу фаъолияти самарабахш ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии давлатҳо дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда мегузорад.


Ҷонибҳо ба рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, таъкид намуданд, ки Корея ва Тоҷикистон дорои имконият ва захираҳои фаровони ҳамкории гуногунҷанба мебошанд. Давоми солҳои барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун амалӣ шудаанд.

Иштирокчиёни мулоқот ҳавасмандиашонро ҷиҳати рушду густариши бештари ҳамкорӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҷумҳурии Корея, аз ҷумла дар соҳаҳои инфрасохтори шаҳрдорӣ, рақамикунонии соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ, рушди муносибатҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва ҷалби бештари сармоягузорон вобаста ба бунёди корхонаҳои муштарак таъкид намуданд.

АКС: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Февраль 7, 2024 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад