Кишоварзони Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб кишту кори баҳориро оғоз намуданд
КӮЛОБ, 29.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб кооперативҳои тиҷоратӣ ва хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ техникаҳои дар ихтиёрдоштаашонро ба хатти тайёр гузоштанд.
Корманди раёсати кишоварзии минтақаи Кӯлоб Сайфулло Ғашов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода иттилоъ дод, ки «бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ давоми солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ ба шаҳру ноҳияҳо миқдори зиёди техникаҳои муосири кишоварзӣ аз хориҷи ҷумҳурӣ тариқи амалисозии барномаҳои давлатӣ ворид шуданд, ки бо истифода аз онҳо деҳқонон шудгору кишт ва корҳои саҳроиро сари вақт анҷом медиҳанд. Як қисми техникаҳои дар хатти тайёр гузошта аз Кооперативи тиҷоратии ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти «Зиракӣ» буда, омодаи кишту кори баҳорӣ мебошанд».
Намояндагони Вазорати кишоварзӣ, муовини якуми Раиси вилояти Хатлон, намояндагони Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» ва дигар мутахассисон бо омодагии техникаҳо дар хатти тайёр шинос шуда, ба кишоварзон ҷиҳати бартараф намудани баъзе кабудиҳо дар техникаҳо маслиҳат доданд.
Дар хатти тайёр тракторҳои шудгоркунанда, тухмипошакҳо, тракторҳои боркаш, техника барои коркарди байни қаторҳо, картошкашинонӣ ва ғайра гузошта шудаанд. Аксари техникаҳо муосир ва ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ буда, хароҷоташон кам ва маҳсулнокиашон баланд аст.
Зимни суҳбат бо кишоварзон ва механизаторон Раиси шаҳри Кӯлоб ва муовини якуми Раиси вилояти Хатлон оид ба тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои он сухан гуфта, иброз доштанд, ки мебояд шудгору кишти баҳорӣ бо тавсияи олимони соҳа дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин гузаронида шавад. Тамоми техникаҳои мавҷуда аз таъмир бароварда шуда, ба кишту кори баҳорӣ ҷалб гарданд.
Роҳбари Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» ба кишоварзон оид ба техникаҳои ба мамлакат воридгардида ва тарзи ба деҳқонон дастрас намудани онҳо иттилоъ дод.
Барои сари вақт таъмир ва омода намудани техникаҳо ба як гурӯҳ механизаторон ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ сипоснома ва туҳфаҳо супорида шуданд.
Бояд гуфт, ки дар доираи ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар шаҳри Кӯлоб Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пахтаи Кӯлоб» ташкил шуд, ки дар он минбаъд дар майдони беш аз 1800 гектар пахта кишту парвариш менамоянд. Ҷамъият аллакай техникаҳои кишоварзиро ба шаҳри Кӯлоб ворид намуда, ба шудгори заминҳо шуруъ намудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






