МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мавиз барои камхунӣ, асабоният, фаромӯшхотирӣ ва бемории дилу рагҳо давои хуб аст
ДУШАНБЕ, 25.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мавиз- ин ангури хушккардашуда буда, хушкмеваи фоидабахш ва серғизо мебошад. Таркиби он аз витаминҳои гурӯҳи В, витамини С, минералҳои гуногун, ба монанди оҳан, калий, калтсий, фосфор, антиоксидантҳо бой аст. Минерали асосии мавиз – оҳан мебошад ва истеъмоли он ба муолиҷаи касалии камхунӣ мусоидат менамояд. Ҳамзамон хӯрдани мавиз ба дил, дандону устухон ва чашм манфиати хуби шифоӣ дорад.
Ба гуфтаи мутахассисон, гурӯҳи витаминҳои В, ки дар таркиби мавиз мавҷуд ҳастанд, ҳолати системаи асабро муътадил нигоҳ медорад. Витамини С дар фасли зимистон масунияти организмро баланд бардошта, қувватнокии инсонро тақвият мебахшад.
Мавиз хушкмеваи серкалория буда, таркиби он аз фруктоза ва сахароза бой аст – 100 грамми он ба 320 килокалория баробар аст. Аз ҳамин рӯ табибон ба нафароне, ки ба вазни худ аҳмият медиҳанд ва онҳое, ки ба касалии диабети қанд гирифтор ҳастанд, тавсия медиҳанд, ки набояд мавизро зиёд истеъмол намоянд ё бояд аз он пурра даст кашанд.
Агар пеш аз хӯрдани таом ба миқдори начандон зиёд мавиз истеъмол шавад, ин ба фоидаи организм хоҳад буд. Хӯрдани мавиз барои кӯдакон, наврасон ва варзишгарон, яъне нафароне, ки ҳаёти онҳо пайваста дар ҳолати рушд ва серҳаракатӣ аст, аз манфиат холӣ нест. Ҳамзамон ин мева метавонад ба занони ҳомила низ кумаки хуб расонад, зеро он имконияти хуби рафъи беқувватию камҳавсалагӣ мебошад.
Ба гуфтаи мутахассисон, мавиз барои одамони гирифтори бемориҳои меъдаю рӯда муфид аст. Ин меваи хушк дорои нахҳои растание мебошад, ки кори рӯдаҳоро беҳтар менамояд. Моддаҳои дар таркиби мавиз мавҷуда кори системаи ҳозимаро беҳтар сохта, аз ҷумла организмро аз ҳар гуна моддаҳои заҳрнок тоза менамоянд. Қабз ва дарунравиро бартараф ва ҳазми ғизоро осон менамоянд. Инчунин пайваста хӯрдани ин меваи хушк кори рӯдаю меъдаро муназзам нигоҳ медорад.
Илова бар ин мавиз эҳсоси гуруснагиро комилан бартараф менамояд. Ин хусусият ба мо имкон медиҳад, ки афзоиши вазнро ҳангоми харобшавӣ назорат намоем.
Табибон ба ғайр аз таъсири хуби мавиз ба узвҳои дохилӣ ҳамзамон фоидаи ин меваи хушкро дар нигоҳ доштани зебоии зоҳирӣ низ таъкид менамоянд. Мавиз пӯстро аз моддаҳои зарарнок тоза намуда, ба афзоиши фоллекулаҳои мӯй мусоидат менамояд. Ҳамзамон пӯстро аз таъсири нуриҳои ултрабунафш муҳофизат намуда, микроорганизмҳоеро, ки боиси ба кариес гирифтор шудани дандон мешаванд, аз байн мебарад. Бино ба таҳлили мутахассисон, мавиз рехтани мӯйи сар ва хушк мондани сарро пешгирӣ менамояд.
Таҳқиқоти кардиологҳо тасдиқ намуд, ки мавиз ба кори дил ва рагҳои хунгузар таъсири судманд мерасонад. Истеъмоли он гардиши хунро беҳтар сохта, фишори хунро паст менамояд. Инчунин хавфи сар задани сактаи дилро пешгирӣ намуда, камхуниро бартараф месозад.
Набояд фаромӯш намуд, ки мавиз ба организм на танҳо фоида, балки зарар низ дорад. Ин маҳсулотро нафароне, ки ба фарбеҳӣ, захми меъда, диабети қанд, шакли фаъоли сил, кислотанокии баланди меъда гирифтор ҳастанд, бояд бо эҳтиёт бихӯранд.
Мутахассисон хӯрдани мавизро ба нафароне, ки зуд-зуд асабӣ мешаванду хотираашон заиф аст, тавсия медиҳанд. Мавиз асабро ором ва хотираро мустаҳкам месозад.
Дар вақти харидани мавиз ба думчаи он диққат диҳед. Он набояд кандашуда бошад. Дар ҳолати кандашавии думчааш мавиз шираи худро гум намуда, сифаташ паст мешавад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ТОҶИКИСТОН — ТАШАББУСКОРИ РӮЗНОМАИ НАВИ ҶАҲОНИИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Дар ҳошияи қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба таҷлили Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод
ДЕВДАРА ГУЛДАРА ШУД! Ва ё чӣ тавр бо талоши Пешвои миллат он роҳи камраву касногузар ба шоҳроҳи ваҳдат табдил ёфт
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ТО АБАД УСТУВОРУ ПОЯНДА БОШАД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
Панҷ нуктаи омӯзанда аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо паёми Президенти Тоҷикистон
СОТИМ УЛУҒЗОДА ВА ҚАДРШИНОСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 115-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
Рушди молияи давлатӣ: аз ташаккули низоми мустақили молиявӣ то идоракунии рақамии буҷет
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Давоми 35 сол дар Тоҷикистон шумораи омӯзгорон беш аз 41 ҳазор зиёд гардид






