МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мавиз барои камхунӣ, асабоният, фаромӯшхотирӣ ва бемории дилу рагҳо давои хуб аст

Февраль 25, 2024 13:33

ДУШАНБЕ, 25.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мавиз- ин ангури хушккардашуда буда, хушкмеваи фоидабахш ва серғизо мебошад. Таркиби он аз витаминҳои гурӯҳи В, витамини С, минералҳои гуногун, ба монанди оҳан, калий, калтсий, фосфор, антиоксидантҳо бой аст. Минерали асосии мавиз – оҳан мебошад ва истеъмоли он ба муолиҷаи касалии камхунӣ мусоидат менамояд. Ҳамзамон хӯрдани мавиз ба дил, дандону устухон ва чашм манфиати хуби шифоӣ дорад.

Ба гуфтаи мутахассисон, гурӯҳи витаминҳои В, ки дар таркиби мавиз мавҷуд ҳастанд, ҳолати системаи асабро муътадил нигоҳ медорад. Витамини С дар фасли зимистон масунияти организмро баланд бардошта, қувватнокии инсонро тақвият мебахшад.

Мавиз хушкмеваи серкалория буда, таркиби он аз фруктоза ва сахароза бой аст – 100 грамми он ба 320 килокалория баробар аст. Аз ҳамин рӯ табибон ба нафароне, ки ба вазни худ аҳмият медиҳанд ва онҳое, ки ба касалии диабети қанд гирифтор ҳастанд, тавсия медиҳанд, ки набояд мавизро зиёд истеъмол намоянд ё бояд аз он пурра даст кашанд.

Агар пеш аз хӯрдани таом ба миқдори начандон зиёд мавиз истеъмол  шавад, ин ба фоидаи организм хоҳад буд. Хӯрдани мавиз барои кӯдакон, наврасон ва варзишгарон, яъне нафароне, ки ҳаёти онҳо пайваста дар ҳолати рушд ва серҳаракатӣ аст, аз манфиат холӣ нест. Ҳамзамон ин мева метавонад ба занони ҳомила низ кумаки хуб расонад, зеро он имконияти хуби рафъи беқувватию камҳавсалагӣ мебошад.

Ба гуфтаи мутахассисон, мавиз барои одамони гирифтори бемориҳои меъдаю рӯда муфид аст. Ин меваи хушк дорои нахҳои растание мебошад, ки кори рӯдаҳоро беҳтар менамояд. Моддаҳои дар таркиби мавиз мавҷуда кори системаи ҳозимаро беҳтар сохта, аз ҷумла организмро аз ҳар гуна моддаҳои заҳрнок тоза менамоянд. Қабз ва дарунравиро бартараф ва ҳазми ғизоро осон менамоянд. Инчунин пайваста хӯрдани ин меваи хушк кори рӯдаю меъдаро муназзам нигоҳ медорад.

Илова бар ин мавиз эҳсоси гуруснагиро комилан бартараф менамояд. Ин хусусият ба мо имкон медиҳад, ки афзоиши вазнро ҳангоми харобшавӣ назорат намоем.

Табибон ба ғайр аз таъсири хуби мавиз ба узвҳои дохилӣ ҳамзамон фоидаи ин меваи хушкро дар нигоҳ доштани зебоии зоҳирӣ  низ таъкид менамоянд. Мавиз пӯстро аз моддаҳои зарарнок тоза намуда, ба афзоиши фоллекулаҳои мӯй мусоидат менамояд. Ҳамзамон пӯстро аз таъсири нуриҳои ултрабунафш муҳофизат намуда,  микроорганизмҳоеро, ки боиси ба кариес гирифтор шудани дандон мешаванд, аз байн мебарад. Бино ба таҳлили мутахассисон, мавиз рехтани мӯйи сар ва хушк мондани сарро пешгирӣ менамояд.

Таҳқиқоти кардиологҳо тасдиқ намуд, ки мавиз ба кори дил ва рагҳои хунгузар таъсири судманд мерасонад. Истеъмоли он гардиши хунро беҳтар сохта, фишори хунро паст менамояд. Инчунин хавфи сар задани  сактаи дилро пешгирӣ намуда, камхуниро бартараф месозад.

Набояд фаромӯш намуд, ки  мавиз ба организм на танҳо фоида, балки зарар низ дорад. Ин маҳсулотро нафароне, ки ба фарбеҳӣ, захми меъда, диабети қанд, шакли фаъоли сил, кислотанокии баланди меъда гирифтор ҳастанд, бояд бо эҳтиёт бихӯранд.

Мутахассисон хӯрдани мавизро ба нафароне, ки зуд-зуд асабӣ  мешаванду хотираашон заиф аст, тавсия медиҳанд. Мавиз асабро ором ва хотираро мустаҳкам месозад.

Дар вақти харидани мавиз ба думчаи он диққат диҳед. Он набояд кандашуда бошад. Дар ҳолати кандашавии думчааш мавиз шираи худро гум намуда, сифаташ паст мешавад.

 Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 25, 2024 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Беморони гирифтори диабети қанд дар як шабонарӯз бояд 5-6 маротиба хӯрок истеъмол намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?