МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Шалғам давои хуб барои сулфа, дарди гулӯ ва пешгирии санги талхадон аст

Февраль 11, 2024 14:46

ДУШАНБЕ, 11.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шалғам ба гурӯҳи сабзавоте дохил мешавад, ки ҳамчун ғизои пурқувват ба организми инсон фоидаовар аст. Он сулфаро рафъ намуда, узвҳои даруни сина ва шикамро мулоим менамояд, рехтани мӯйи сар ва гирифтани вазни зиёдро пешгирӣ менамояд. Ба гуфтаи табибон, шалғам чашмро қавӣ мегардонад ва сангҳои гурда ва хичакро майда месозад.

Шалғам сабзавоти тезрас ва серғизо буда, манбаи витаминҳои С В1, В2, РР, А (каротин) аст. Дар шалғам то 90 % канд, то 2 % сафеда, намакҳои минералӣ мавҷуд ҳастанд. Он растании доругии қадимӣ аст.

Ба гуфтаи Абуалӣ ибни Сино, марҳаме, ки аз тухми шалғам тайёр менамоянд, варами қадкашакро мегардонад. Шалғам ба гурда ва қафаси сина муфид аст. Аз он хӯриш тайёр менамоянд ва онро ба таом, аз ҷумла ба шӯрбо ва хӯрокҳои сабук ду ё се қисм намуда, меандозанд.

Мутахассисон шалғамро барои муолиҷаи сулфа, дарди гулӯ ва барқарор намудани «овози хасташуда» тавсия медиҳанд. Шалғам иштиҳоро коҳиш дода, ба кам намудани вазни зиёд мусоидат менамояд. Ҳамзамон рехтани мӯйро бартараф менамояд. Агар решаҳои борики онро соида, бо асал бихӯранд, барои бемориҳои сипурз ва пешоби бандшударо кушодан давои хубе аст. Он кори ҷигарро фаъол сохта, аз пайдоиши сангҳои заҳра пешгирӣ менамояд. Илова бар ин шалғам аз ҳисоби калийи дар таркибаш буда фишори хунро паст месозад.

Дар китоби «Канзи Шифо» омадааст, ки агар ҳар қисми растании шалғамро дар об ҷӯшонида, он обро бимоланд, ҷойҳои аз таъсири сардӣ кафидаи баданро сиҳат мебахшад.

«Ин обро ба панҷаҳои дасту пойҳо бимоланд, иллати ниқрис, яъне дард ва варами буғумҳои ин аъзоро рафъ намуда, хоришеро, ки аз зиёд гаштани моддаи сафро пайдо шуда бошад, таскин мебахшад. Инчунин барг, қисми зеризаминӣ ва тухми онро кӯфта, гузошта банданд ё бимоланд, барои иллатҳои номбаршуда дармон мешавад».

Дар шалғам нисбат ба дигар сабзавоти маъмул миқдори микроэлементҳо, ба мисли сулфур зиёдтар аст. Ин элемент, тавре духтурон мефармоянд, барои тоза намудани хун аз ҳар гуна моддаҳои зарарнок зарур аст. Нахҳое, ки дар таркиби  шалғам мавҷуд мебошанд, ба хуб ҳазм шудани хӯрок мусоидат намуда, ба равандҳои мубодилаи моддаҳо таъсири мусбат мерасонанд.

Мутахассисон чунин мешуморанд, ки хӯрдани шалғам ҳамаи узвҳои даруни сина ва даруни шикамро қувват мебахшад, иштиҳо меоварад. Хусусан агар бо чизҳои тезмазза, яъне бо ҳардал (горчица) ва мурч таъмашро тунд намуда бихӯранд, дарунро аз моддаҳои зарраровар пок месозад.

Ҳамаи қисмҳои шалғам хусусияти тарёкӣ доранд, яъне ба одамони заҳролудшуда ва ба ононе, ки ҷонварони заҳрнок газида бошанд, шифо мебахшанд.

Табибон чунин мешуморанд, ки навобаста аз манфиатовар будани шалғам набояд фаромӯш сохт, ки дар ҳолати дар ҳаҷми зиёд истеъмол намудан он метавонад ба системаи асаб таъсири манфӣ расонад. Он ба асабоният, зиёд шудани хастагӣ, аз даст додани қувва, камҳаракатӣ бурда мерасонад.

Дар одамоне, ки туршии меъдаашон бештар аст ё захми меъда доранд, шалғамҳои тару тоза метавонанд боиси дилбеҳузурӣ ва зардаҷӯшӣ шаванд.

Мутхассисон тавсия медиҳанд, ки шалғамро дар ҷои хунук ва хушк дар ҳарорати на бештар аз 4 дараҷа гармӣ ва намии аз 90% зиёд нигоҳ доштан зарур аст. Дар чунин шароит сабзавот тақрибан 10-14 рӯз нигоҳ дошта мешавад, дар яхдон ин муҳлат то 30 рӯз давом менамояд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 11, 2024 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН — РАМЗИ ОЗОДӢ, ШАРАФ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ дар рушди технологияҳои инноватсионӣ ва идоракунии оқилонаи захираҳои обу энергия нақши бунёдӣ доранд
ЧОРМАҒЗПАРВАРӢ. Иқлими Тоҷикистон барои парвариши чормағз ва чӯби босифат созгор мебошад
Литсейи касбии махсуси маъюбони шаҳри Душанбе дар соҳибкасб намудани ҷавонон саҳми арзанда мегузорад
«ТОҶИКИСТОН, САРЗАМИНИ НАНГУ ОРИ МОСТ! ». Миллати тоҷик 40-солагии Истиқлолияти давлатиро бо ободкориҳои бемисл таҷлил менамояд
Илм ва инноватсия – омили муҳими рушди устувори иқтисоди миллӣ
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Моҳи ноябр барои қаламча намудани гули садбарг мавсими мувофиқ аст
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Андешаҳо дар ин маврид
Кодекси экологии Тоҷикистон барои таҳкими ҳифзи муҳити зист заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад
МАВСИМИ АНОР ДАР ТОҶИКИСТОН. Маълумоти муфассал дар хусуси фоидаҳои ин мева
ТАҲСИЛ КАРДАН ДЕРӢ НАДОРАД. Зиёда аз 8 ҳазор хонанда дар мактаби ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуданд