МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
ДУШАНБЕ, 02.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 2 феврал бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун оид ба футбол дар даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 баргузор мегардад. Мардуми Тоҷикистон тамошои онро бесаброна интизоранд ва тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба тими мо барору комёбӣ таманно намуда истодаанд. Аксари мардум тамошои сарчамъонаи онро хоҳиш доранд ва бо ин мақсад дар пойтахт дар чанд макон таблоҳои калон гузошта шудааст. Дар ин робита хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов Муҳаммадшо Абдуллозода оид ба азми қавии футболбозони тоҷик ва умедвориҳо аз ин бозӣ ҳамсуҳбат гардид, ки фишурдаи он манзури хонандагони сомона мегардад.
Баъд аз лаҳзаҳои башумор дар таблои бузурги варзишгоҳи ба номи Аҳмад бин Алии шаҳри Давҳаи Давлати Қатар бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун оид ба футбол дар даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 оғоз мегардад. Имрӯз дар тамоми гӯшаю канори мамлакат нуқтаҳои тамошои мустақим ташкил шудаанд ва сокинони мамлакат метавонанд ин бозиро дар иттиҳоду сарҷамъӣ тамошо намоянд.
Бояд гуфт, ки чунин дастовард дар таърихи футболи тоҷик муваффақияти бузург буда, натиҷаи талошҳову тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва заҳмати содиқонаи футболбозон мебошад, Бозингароне, ки ҳоло дар дастаи мунтахаби мамлакат бозӣ менамоянд, иштирокдорони Чемпионати Осиё байни наврасон дар соли 2018 буда, бо ғолиб омадан дар он мусобиқот ба Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар байни наврасони то синни 17 роҳ ёфтаанд.
Иштироки фаъоли ҷавонони мо ва пирӯзии онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, бешубҳа, ба болоравии обрӯи мамлакатамон мусоидат менамояд. Аз ҷумла, иштироки фаолонаи футболбозони мамлакат дар мусобиқаи Ҷоми Осиё собит сохт, ки имрӯз ҷавонони тоҷик бо дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакат дар тамоми навъҳои варзиш сабқат намуда, Парчами Тоҷикистонро парафшон менамоянд.
Хусусан мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол, ки 22 январ дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа доир шуд, футболбозони ҷавонро руҳбаланд намуда, ҳавасмандии онҳоро зиёд гардонид.
Зимни суҳбати самимӣ Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба ватандӯстию ватанпарварӣ ва ифтихори миллӣ ҳидоят намуда, ба онҳо барору комёбӣ орзу намуданд.
Бояд гуфт, ки таъмини рушди футбол дар Тоҷикистон ва дастгирии варзишгарон, хусусан футболбозон дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад.
3 ноябри соли 2023 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ низ бо масъулони соҳаи варзиш ва футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва роҳбарияти якчанд вазорату идораҳои мамлакат, инчунин аҳли ҷомеаи футболи ҷумҳурӣ мулоқот намуда, масъулинро барои бартараф намудани мушкилоти ин соҳа муваззаф намуда буданд.
«Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба вазъи имрӯзаи футбол дар шаҳру навоҳии мамлакат ва ояндаи варзиши рақами як дар Тоҷикистон баррасӣ гардида буданд ва ин мулоқот тавонист ба пешрафти соҳа мусоидат намояд»,-гуфт ректори донишкада.
Ҳукумати мамлакат, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳамаи намудҳои варзиш таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Натиҷаи чунин ғамхориҳо аст, ки солҳои охир варзишгарони мамлакат пайваста дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, бо сазовор гардидан ба ҷойҳои ифтихорӣ нуфузу эътибори сарзамини соҳибистиқлоламонро баланд бардошта, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд.
Давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ дар мамлакат баҳри рушду равнақи соҳа дар мамлакат 11 ҳазор иншооти нави варзишӣ бунёд гардид. Натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат имкон фароҳам овард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ 6450 маротиба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ бо шарофати дастоварди варзишгарони мамлакат баланд бардошта шуда, зиёда аз 2000 маротиба Суруди миллӣ ба хотири дастоварди онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалии дохиливу хориҷӣ садо додааст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад






