МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик

Февраль 2, 2024 15:57

ДУШАНБЕ, 02.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 2 феврал бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун оид ба футбол дар даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 баргузор мегардад. Мардуми Тоҷикистон  тамошои онро бесаброна интизоранд ва  тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ  ба  тими мо барору комёбӣ таманно намуда истодаанд. Аксари мардум тамошои сарчамъонаи онро хоҳиш доранд ва бо ин мақсад дар  пойтахт дар чанд  макон таблоҳои калон гузошта шудааст.  Дар ин  робита  хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов Муҳаммадшо Абдуллозода  оид ба азми қавии футболбозони тоҷик ва   умедвориҳо аз  ин бозӣ  ҳамсуҳбат гардид, ки фишурдаи он манзури хонандагони сомона мегардад.

Баъд аз лаҳзаҳои башумор дар таблои бузурги варзишгоҳи ба номи Аҳмад бин Алии шаҳри Давҳаи Давлати Қатар бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун оид ба футбол дар даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 оғоз мегардад. Имрӯз дар тамоми гӯшаю канори мамлакат нуқтаҳои тамошои мустақим ташкил шудаанд  ва сокинони мамлакат метавонанд ин бозиро дар иттиҳоду сарҷамъӣ тамошо намоянд.

Бояд гуфт, ки чунин дастовард дар таърихи футболи тоҷик муваффақияти бузург буда, натиҷаи талошҳову тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва заҳмати содиқонаи футболбозон мебошад, Бозингароне, ки ҳоло дар дастаи мунтахаби мамлакат бозӣ менамоянд, иштирокдорони Чемпионати Осиё байни наврасон дар соли 2018 буда, бо ғолиб омадан дар он мусобиқот ба Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар байни наврасони то синни 17 роҳ ёфтаанд.

Иштироки фаъоли ҷавонони мо ва пирӯзии онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, бешубҳа, ба болоравии обрӯи мамлакатамон мусоидат менамояд. Аз ҷумла, иштироки фаолонаи футболбозони мамлакат дар мусобиқаи Ҷоми Осиё  собит сохт, ки имрӯз ҷавонони тоҷик бо дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакат дар тамоми навъҳои варзиш сабқат намуда, Парчами Тоҷикистонро парафшон менамоянд.

Хусусан мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба  футбол, ки 22 январ дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа доир шуд, футболбозони ҷавонро руҳбаланд намуда, ҳавасмандии онҳоро зиёд гардонид.

Зимни суҳбати самимӣ  Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба ватандӯстию ватанпарварӣ ва ифтихори миллӣ ҳидоят намуда, ба онҳо барору комёбӣ орзу намуданд.

Бояд гуфт, ки таъмини рушди футбол дар Тоҷикистон ва дастгирии варзишгарон, хусусан футболбозон дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад.

3 ноябри соли 2023 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ низ бо масъулони соҳаи варзиш ва футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва роҳбарияти якчанд вазорату идораҳои мамлакат, инчунин аҳли ҷомеаи футболи ҷумҳурӣ  мулоқот намуда, масъулинро барои бартараф намудани мушкилоти ин соҳа муваззаф намуда буданд.

«Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба вазъи имрӯзаи футбол дар шаҳру навоҳии мамлакат ва ояндаи варзиши рақами як дар Тоҷикистон баррасӣ гардида буданд ва ин мулоқот тавонист ба пешрафти соҳа мусоидат намояд»,-гуфт ректори донишкада.

Ҳукумати мамлакат, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳамаи намудҳои варзиш таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Натиҷаи чунин ғамхориҳо аст, ки солҳои охир варзишгарони мамлакат пайваста дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, бо сазовор гардидан ба ҷойҳои ифтихорӣ нуфузу эътибори сарзамини соҳибистиқлоламонро баланд бардошта, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд.

Давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ дар мамлакат баҳри рушду равнақи соҳа дар мамлакат 11 ҳазор иншооти нави варзишӣ бунёд гардид. Натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат имкон фароҳам овард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ 6450 маротиба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ бо шарофати дастоварди варзишгарони мамлакат баланд бардошта шуда, зиёда аз 2000 маротиба Суруди миллӣ ба хотири дастоварди онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалии дохиливу хориҷӣ садо додааст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 2, 2024 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Дар маросими ифтитоҳ Темур Раҳимов Парчамбардори ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон буд
БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Ҳарифони паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот муайян шуданд
Дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хуҷанд насби чароғу сутунпояҳо оғоз гардид
Имрӯз дар Париж Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ-2024 расман оғоз мегардад
Соли 2024 варзишгарони ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ 530 медали тилло ба даст оварданд
Варзишгарони Вазорати мудофиа соҳиби 38 медали тилло гардиданд
БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар шаҳри Париж қарор дорад
Дар шаҳри Хоруғ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилоят мусобиқа оид ба волейбол идома дорад
Соли равон дар вилояти Суғд 25 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТЗАЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар тими миллии Қирғизистон пирӯз шуд
БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Тоҷикистонро аз намуди гӯштини ҷудо паҳлавонони шинохта муаррифӣ мекунад
Ваҳдат Ҳанонов фаъолияташро дар дастаи футболи «Сипоҳон»-и Эрон давом медиҳад