«НАМИРАМ АЗ ИН ПАС, КИ МАН ЗИНДААМ… ». Дар Панҷакент муҷассамаи Абулқосим Фирдавсӣ бо баландии 5,5 метр қомат меафрозад

Февраль 26, 2024 15:47

ДУШАНБЕ, 26.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент гулгашт ва муҷассамаи Абулқосим Фирдавсӣ, ки дар даромадгоҳи шарқии шаҳр ҷойгир аст, навсозӣ мешавад. Тибқи лоиҳаи ангоравӣ, сохтмони Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсӣ дар буриши хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаи Саъдии Шерозии шаҳр дар масоҳати 7600 метри мураббаъ бо тарҳи нав пешбинӣ шуда, ба назар чун асбоби мусиқии тор менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад.

Боғ аз майдони пазироӣ оғоз шуда, бинандагон ба он тавассути дарвозаи муҳташам бо баландии 8 ва дарозии 14 метр, ки бо услуби меъмории миллӣ ва сутунпояҳои бузурги мармарин, нақшу ороиши миллӣ, намои муҷассамаҳои паҳлавонони достонҳои безаволи «Шоҳнома» оро дода мешавад, ворид мешаванд.

Дар қисмати болои дарвоза навиштаҷоти “Боғи Абулқосим Фирдавсӣ” бо ҳуруфи тоҷикӣ-кириллӣ ва форсӣ ҳаккокӣ мешавад. Роҳрави асосии боғ бо паҳноии 8 метр ва дарозии 75 метр бо нақшу нигори миллӣ аз сангҳои ороишии ватанӣ аз даромадгоҳи боғ то майдон гулчинӣ мешавад.

Дар лоиҳа бунёди майдони даврашакл бо ҳудуди 30 метр ва сутунҳои гаронҳаҷми болордор бо рӯпӯш аз сангҳои мармарини ватанӣ ба назар гирифта шудааст.

Болотар аз майдон муҷассамаи Абулқосим Фирдавсӣ бо баландии 5,5 метр қомат меафрозад. Баландии зерпояи муҷассама 6,2 метр буда, дар паҳноии 3,4 метр бо сутунҳои зебо бо тарҳи таърихӣ ва навиштаҷоти “Абулқосим Фирдавсӣ” бо ду забон пешбинӣ гардидааст.

Дар паси муҷассама деворнигораҳо бо баландии мухталиф — аз 2,5 то ва 3,5 метр бо дарозии 34 метр барелеф-нигораҳо аз намунаҳои саҳнаҳои достони безаволи «Шоҳнома» ва ашъори шоир дарҷ мешаванд. Аз қисмати чапи муҷассама муҷассамае аз разми Рустам бо Сӯҳроб аз достони ҳамноми «Шоҳнома» гузошта, дар қисмати дигари боғ ду ҳайкали аспи саманд чун тимсоли аспи Рахш ва дигар аспони ҷангии дар ин асари безавол тасвиршуда гузошта мешаванд.

Дар атрофи муҷассама фаввораҳои зебо бо нишастгоҳҳои чӯбину мармарин ва суҳбаткадаи бузурги мармарин барои қироати «Шоҳнома», яъне «Шоҳномахонӣ» ба инобат гирифта шудааст.

Дар лоиҳаи боғ ҳамчунин чароғпояҳои хурду бузург, сабзазоркунӣ, шинонидани дарахтони ороишии ҳамешасабз, гулҳои мавсимӣ, курсиҳои нишаст, роҳравҳо, фаввораҳои хурди обнӯшӣ, даромадгоҳҳои хурди гулпӯш, қуттиҳои партов, гулдонҳо, панҷараҳои филизии иҳотавӣ, пандусҳо-роҳравҳои махсус барои ҳаракати одамони маъюб, обпошҳои худкор ва ғайра пешбинӣ гардидаанд.

Ҳамаи ин дар маҷмуъ маҷмааи ягонаи меъморӣ –фарҳангӣ-маърифатиро ташкил медиҳад ва бо бунёди он ба руҳи бузурги муаллифи «Шоҳнома»-и безавол чун тимсоли дӯст доштани Меҳан, ҳифзи марзу буми муқаддаси он, боло бурдани эҳсоси худшиносию ватандӯстӣ ва хизмати мондагори Пешвои миллат дар роҳи эҳё ва бузургдошти таърихи ғановатманди миллат арҷ гузошта мешавад.

Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо роҳнамоӣ ва ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати арҷгузорӣ ва бузургдошти фарзандони барӯманди миллат корҳои шоиста анҷом дода мешаванд.

Дастури Пешвои миллат дар бораи нашри «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ва ба ҳар оила тақдим намудани он аз ҷумлаи ин ибтикороти ватандӯстона ба хотири тақвияти худшиносии миллат мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Февраль 26, 2024 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРКИ АМИҚИ МОҲИЯТИ ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ. Он шарти муҳими таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат аст
Дар Муъминобод бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши бошукуҳи адабӣ-фарҳангӣ доир гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар ин давра дар Тоҷикистон шумораи мактабҳо, хонандагон ва омӯзгорон афзоиш ёфт
Имрӯз дар боғҳои пойтахт рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд ва ноҳияҳои Ванҷу Шуғнон баргузор мегарданд
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хуҷанд васеъсозии роҳи хиёбони ба номи Раҳмон Набиев оғоз гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Роғун 94 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳолии узбекзабони шаҳри Турсунзода бо муассисаҳои таълимии узбекӣ ва китобҳои дарсӣ таъмин карда шаванд»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ашт осоишгоҳи замонавӣ бунёд карда мешавад
ОМОРИ МУОСИР ВА ЗАРУРАТИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ РАҚОБАТПАЗИР. Андешаҳо дар ин маврид