НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Варзоб 158 иншоот ба истифода дода мешавад

Февраль 9, 2024 15:23

ВАРЗОБ, 09.02.2024. /АМИТ «Ховар»/.  Сокинони ноҳияи Варзоб  ҷиҳати  дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сохтмони 158 иншоотро ба нақша гирифтаанд, ки то имрӯз 46 иншооти гуногуни ҷашнӣ бо шумораи 96 ҷойи кори доимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Дар айни замон сохтмони 49 иншооти дигар идома дорад. Дар ин хусус имрӯз  зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Варзоб Хусрав Дамонзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба иттилои раиси ноҳияи Варзоб, имрӯзҳо сохтмони бинои  иловагии муассисаҳои таълимии деҳаҳои Шаршара, Қулписта ва  Суғдиёни Ҷамоати деҳоти  Айнӣ, бинои муассисаҳои таълимии деҳаи Фанфароқ ва Дашти Ринҷонии Ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа  ва дар маҷмуъ зиёда аз 70 синфхонаи иловагӣ  дар ноҳияи Варзоб идома дорад, ки дар доираи ҷашни бузурги миллӣ- 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешаванд.

Дар нишаст гуфта шуд, ки вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар ноҳияи Варзоб 1000 минтақаи истироҳатӣ  сабт шудааст. Фаъолияти 110 минтақаи истироҳатии оммавӣ мавсимӣ буда, фаъолияти минтақаҳои истироҳатии «Кохи Малика», «Варзоб-Палас», «Гулобод», «Гули майда» ва  Комплеси лижаронии «Сафеддара» доимӣ мебошад. Дар онҳо барои қабули сайёҳон тамоми шароит фароҳам оварда шуда, мунтазам фаъолият доранд. Мувофиқи  маълумоти оморӣ,   соли 2023  90 ҳазору 565 сайёҳи дохилию хориҷӣ минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои таърихии ноҳияи Варзобро тамошо  намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли  гузашта 49 ҳазору 908 нафар зиёд мебошад.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 9, 2024 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд