НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳолати ғасби замин дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ коҳиш ёфтааст
РӮДАКӢ, 09.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ 292 ҳолати қонуншикании замин дар майдони 140, 31 гектар муайян гардида, нисбат ба 213 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷарима шуданд. Хушбахтона, имрӯз ҳолатҳои ғасби худсаронаи замин дар ҳудуди ноҳия бо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳли ҷамоат нисбат ба солҳои қаблӣ хеле коҳиш ёфта, дар ин самт корбарӣ идома дорад, — гуфт раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба доираи васеи хабарнигорон.
Дар идомаи нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки дар ин давра корхонаҳои саноатии ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба маблағи 613,0 миллион сомонӣ таъмин намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 100,2 фоизро ташкил медиҳад.
Дар интиҳои нишаст байни намояндагони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат суолу ҷавоб доир гардид, ки фарогири самтҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии ноҳияи Рӯдакӣ буд.
Файзалӣ ҚУРБОНЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






