Фарҳод Раҳимӣ: «Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон дар кабудизоркунии мамлакат саҳми арзанда мегузоранд»
ДУШАНБЕ, 10.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» аз 28 декабри соли 2023 таъкид гардид, ки «бо дарназардошти тағйирёбии иқлим ва бо мақсади беҳтар кардани вазъи экологии кишвар, таъмин намудани зиндагии осудаву босаодати наслҳои ояндаи халқамон моро водор месозад, ки ба масъалаи кабудизоркунии кишвар ҷиддӣ муносибат намоем, яъне мо бояд барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем». Ҳамзамон вобаста ба масъалаи парвариши дарахтон, бунёди боғ ва сарсабзу хуррам гардонидани ҳар як гӯшаву канори мамлакат таваҷҷуҳ намуда, ба сохторҳои дахлдор ҷиҳати ташкили маъракаи ниҳолшинонӣ ва тозаю озода нигоҳ доштани атрофи корхонаю идора ва муассисаҳои таълимӣ дастур дода буданд, — ёдоварӣ шуд Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ.
— Роҳбарияти Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани биноҳо ва иншооти таълимӣ, хобгоҳу дигар воҳидҳои сохторӣ, шинонидани дарахтони сояафкан, мевадиҳанда ва гулҳои мавсимӣ дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии мамлакат шанбегӣ баргузор намуда, дохил, саҳн, атрофи биноҳои маъмурию таълимӣ, гулгаштҳо, ҷуйборҳо, роҳравҳои ҳамшафати муассисаҳои таълимӣ, атрофи биноҳои истиқоматии назди таълимгоҳҳоро тозаю озода намуд ва ин иқдом ба таври ҳамешагӣ идода дода мешавад.
Гузашта аз ин, роҳбарияти Кумита дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахт тамоми муассисҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии дар шаҳри Душанбе мавҷудбударо вазифадор намуд, ки дар пайравӣ ба ин иқдом пайваста ба шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз ва гулу бутаҳои ороишӣ машғул бошанд ва дар ободонии пойтахти мамлакат саҳм гузоранд.
Бояд гуфт, ки иқдоми мазкур дар асоси ба «Шаҳри гулрез» табдил додани пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе аз тарафи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе бештару хубтар амалӣ шуда, ҳар ҳафта пайваста шанбегӣ баргузор мегардад.
Махсусан, ин иқдом дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ, Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе, Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе, Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе, Литсейи касбии техникии саноати нассоҷии шаҳри Душанбе ва ғайра ба таври муназзам амалӣ карда шудааст.
Ҳамзамон хонандагону донишҷуён ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ дар аксияҳои «Тозагии маҳал» фаъолона иштирок намуданд.
Ҳамчунин дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ корҳои созандагиву ободонӣ тавассути ҳашарҳои дастҷамъона пайваста гузаронида мешаванд ва кормандону омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯён дар якҷоягӣ саҳми арзишмандро дар ҳифзи табиат, тозагиву назофати муҳити атроф ва рушду ободии мамлакат мегузоранд.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар канори шоҳроҳи мошингарди Данғара–Душанбе беш аз 4000 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Соли 2026 дар ноҳияи Рӯдакӣ 22 ҳазор бех ниҳоли ороишию сояафкан шинонида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Дар канори роҳи ёдгории Панҷакенти қадим 600 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар беш аз ҳазор бех ниҳол шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Тоҷикистон намоиш — фурӯши ниҳолҳои ҳамешасабз, ороишӣ ва мевадиҳанда оғоз гардиданд
Дар теппаҳои шоҳроҳҳои Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ беш аз 106 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Синои пойтахт беш аз 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд






