Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд

Февраль 6, 2024 17:47

ДУШАНБЕ, 06.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев собиқ роҳбари маъмурияташро Олжас Бектеновро ба мақоми сарвазири ҷумҳурӣ таъйин намуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин хусус дафтари матбуоти президенти Қазоқистон иттилоъ дод.

«Бектенов Олжас Абайевич Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон таъйин гардида, аз вазифаи пештарааш озод карда шавад», — гуфта мешавад дар фармони президент.

Чанде пеш дар ҷаласа вакилони Маҷлис (палатаи поёнии парлумон) бо аксарияти овозҳо ба президент барои тасдиқи номзадии Бектенов ба мақоми раиси ҳукумат розигӣ доданд.

Ёдовар мешавем, ки 5 феврал президенти Қазоқистон истеъфои ҳукуматро бо роҳбарии Алихон Смаилов пазируфт. Муовини якуми раиси Девони вазирон муваққатан иҷрокунандаи вазифаи сарвазир таъйин гардида буд. Ҳамзамон ба аъзои Девони вазирон супориш дода шуд, ки то тасвиби ҳукумати нав иҷрои вазифаҳои худро идома диҳанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 6, 2024 17:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд