Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ баъд аз иштирок дар бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Ватан баргаштанд
ДУШАНБЕ, 03.02.2024 /АМИТ “Ховар”/. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ баъд аз иштирок дар бозии мунтахаби Тоҷикистон ба Ватан баргаштанд. Дар ин хусус ба АМИТ “Ховар” дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Урдун бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд.
Баъд аз бозӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба тамоми ҳайати даста барои натиҷаи таърихие, ки дар Ҷоми Осиё нишон доданд, изҳори сипос намуданд.
Ёдовар мешавем, ки аз рӯи натиҷагирии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби Тоҷикистон ба ҳаштгонаи беҳтарин дастаҳои мусобиқот шомил гардид.
Қобили тазаккур аст, ки мунтахаби Тоҷикистон бори аввал дар таърих дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё ҳунарнамоӣ намуд ва бо роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоии мусобиқот аллакай дастоварди шоёнро дар таърихи варзиши мамлакат сабт намуд.
АКС аз бойгонӣ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд






