Президенти Тоҷикистон: «Зиндагии орому осудаи мардуми мо ба қимати ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони ватандӯсту ҷоннисор ва бонангу номуси халқи тоҷик ба даст омадааст»
ДУШАНБЕ, 23.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Хотирнишон менамоям, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар давраҳои минбаъда низ борҳо бар зидди хоинону душманони миллати тоҷик далерона мубориза бурданд, аз имтиҳони ҷасорату мардонагӣ сарбаландона гузаштанд ва дар ин роҳ ҳазорон нафари онҳо ҷони худро қурбон карданд. Яъне зиндагии орому осудаи мардуми мо ба қимати ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони ватандӯсту ҷоннисор ва бонангу номуси халқи тоҷик ба даст омадааст. Мардуми шарифи Тоҷикистон ва хусусан, ҷавонон бояд инро ҳамеша дар хотир дошта бошанд, шукронаи сулҳу суботи пойдори мамлакатро ба ҷой оваранд ва ба хотири ҳифзи осоишу оромии мамлакат саъю талош намоянд. Чунин иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми шодбошӣ ба ифтихори 31-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки вақтҳои охир вазъи ҷаҳон торафт мураккабу буҳронӣ гардида, раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, марҳалаи нави «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ торафт шиддат гирифта истодааст.Яъне вақтҳои охир инсоният ба марҳалаи ниҳоят ҳассосу хатарноке ворид шудааст, ки таърих чунин давраро ёд надорад.
«Дар чунин шароит ҳар як шаҳрванди огоҳи ҷомеа, дар навбати аввал, хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, ба хотири ҳимояи неъмати бузурги зиндагии халқамон – истиқлолу озодӣ, амнияти ҷомеа ва давлат, сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ кӯшиш намоянд.
Давлат ва Ҳукумати мамлакат барои тақвияти иқтидори мудофиавии мамлакат, дастгирии моддиву маънавӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ минбаъд низ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад»,-иброз доштанд Сарвари давлат.
Президенти мамлакат хотиррасон шуданд, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мо аз рӯзҳои аввали таъсиси он дар набардҳои сангини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва дарки масъулияту рисолати таърихӣ фаъолона иштирок намуда, обутоб ёфтанд.
«Имрӯз мо бо ифтихор иброз медорем, ки маҳз дар натиҷаи шуҷоату матонат ва далериву ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ – фарзандони бонангу номуси Ватан ҳокимияти конститутсионӣ барқарор гардид ва дар ҷумҳурӣ барои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ заминаи устувор гузошта шуд»,-гуфтанд бо қаноатмандӣ Роҳбари давлат.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






