Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо директори минтақавии ширкати «BYD»-и Чин дар Осиёи Марказӣ мулоқот намуданд

Февраль 28, 2024 16:02

 ДУШАНБЕ, 28.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо директори минтақавии ширкати «BYD»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Осиёи Марказӣ Иван Сао мулоқот намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати «BYD»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Вобаста ба самти фаъолияти ширкат ва имконияти ду давлат Раиси шаҳри Душанбе амалӣ намудани ҳамкориро дар самти рушди мошинсозӣ дар шаҳри Душанбе ба манфиати ҳарду ҷониб арзёбӣ намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба амалӣ намудани ҳамкорӣ дар самти банду басти микроавтобусҳои барқӣ, воридоти аккумуляторҳо барои воситаҳои нақлиёти барқиву дигар қисмҳои эҳтиётӣ, воситаҳои нақлиётии боркаши барқии то 5 тонна ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо ибрози назар гардид.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Февраль 28, 2024 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд