«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Тоҷикистон таҳти ин унвон аз моҳи март то апрел фестивали гулҳо баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 12.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Охири моҳи апрели соли равон дар Тоҷикистон Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад. Ғолибони фестивали мазкур бо Шоҳҷоиза (Гран-при), дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва шахсони ташаббускор, роҳбарони корхона, муассиса ва дигар ташкилот, ки дар он фаъолона иштирок менамоянд, бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди маҳал хабар медиҳад.
Тибқи Низомнома, даври якуми Фестивали гулҳо «Сайри гули лола» дар сатҳи маҳалла, деҳот, шаҳрак то 18 март ва даври дуюми он дар ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо то 25 марти соли равон ҷамъбаст мегардад.
Комиссияҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятӣ бояд то 1 апрели соли равон ғолибонро дар асоси санад, протокол, навори видеоӣ, албом бо маълумотнома ба комиссияи ҷумҳуриявии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Баргузории даври сеюми фестивал дар сатҳи ҷумҳуриявӣ 28 апрели соли равон ва маросими мукофотонидани он дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардидааст, ки оид ба намуди гулҳои дар минтақаҳои кўҳӣ месабзида маълумот пешниҳод намуда, мавзеъҳои лолазори худрўйро дар минтақаҳои Тоҷикистон муайян намояд.
Иттифоқи рассомони Тоҷикистон муваззаф гардидааст, ки дар даврҳои фестивал иштироки рассомони ҷавонро таъмин намояд.
Ҳамчунин Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон масъул гардидааст, ки ба кори гурўҳҳои кории фестивал, ҳакамон ва пешниҳодҳо оид ба баҳодиҳии композитсия ва дизайни иштирокчиёни фестивал мусоидат намояд.
Ёдовар мешавем, ки 15 апрели соли 2023 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» дар сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар он «Шоҳҷоиза» сазовори гулпарварони шаҳри Душанбе гардид.
Фестивали мазкур аз рӯи 10 номинатсия баргузор гардида, дар он ба ҳар номинатсия се ҷой ғолиб дониста мешавад.
Хотиррасон менамоем, ки фестивали мазкур мувофиқи Амри Президенти мамлакат ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Он ҳамзамон амалӣ гардонидани сиёсати пешбарандаи Пешвои миллат оид ба тарбияи ҷомеа дар рӯҳияи зебоипарастӣ, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ дар зеҳни ҳар як сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳуриро фаро мегирад.
Хотиррасон менамоем, ки Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» шуруъ аз соли 2019 дар ҷумҳурӣ таҷлил мегардад. Ҳадаф аз баргузории он, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ мебошад.
Баргузории озмун дар эҳёи анъанаҳои ниёгон, ободонӣ ва хуррамии муҳити атроф, бедор намудани муҳаббати сокинони мамлакат ба гулпарварӣ, ҳифзи мероси табиӣ ва дар ин замина ҷалби сайёҳону рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Рамзи Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» соли 2019 аз ҷониби Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, тасдиқ гардид.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»