Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои байналмилалии «Бозиҳои оянда» иштирок намуданд

Февраль 21, 2024 22:53

ДУШАНБЕ, 21.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин, дигар сарони давлатҳо ва меҳмонони сершумори воломақом дар шаҳри Қазон дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои байналмилалии омехтаи “Бозиҳои оянда”, ки дар маҷмааи намоишии “Казан ЭКСПО” аз 21 феврал то 3 марти соли равон баргузор мегарданд, иштирок намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, иштирокдорони ин мусобиқаҳо, ки беш аз ду ҳазор нафар аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон мебошанд, аз рӯи 21 намуд бозиҳои ҷисмонӣ ва интеллектуалию маҷозӣ қувваозмоӣ хоҳанд намуд.

Ба гуфти созмондиҳандагони мусобиқот, ин гуна бозиҳо бори аввал ташкил ва баргузор мегарданд ва онҳо бовар доранд, ки ин тасмим имрӯзу оянда таваҷҷуҳи варзишгарону ҳаводорони сершуморро ба худ ҷалб намуда, дар воқеъ ба бозиҳои оянда дар ҷаҳон табдил меёбанд.

Бояд таъкид дошт, ки дар ин мусобиқоти байналмилалӣ дастаи Тоҷикистон ҳам дар ҳайати 35 варзишгар иштирок дорад.
Иштирок дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои байналмилалии “Бозиҳои оянда” 21.02.2024

Февраль 21, 2024 22:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд