«ШАҲРИ МАН – ХОНАИ МАН». Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахт саҳм мегузоранд

Февраль 24, 2024 16:34

ДУШАНБЕ, 24.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. 24 феврал аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва кумитаю ташкилоти ибтидоии ҳизбии пойтахт иборат аз ду гурӯҳ дар минтақаи 53-54-и ноҳияи Сино, маҳаллаи “Чашмасор”-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, муассисаи истифодабарии манзили №3, кӯчаи Айнӣ 78/1-и ноҳияи Шоҳмансур, шаҳраки 42 ва маҳаллаи “Равшангарон”-и ноҳияи Фирдавсӣ ба ҳашар баромаданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Гурӯҳи якум, ки аз тозакорон иборат буд, дар минтақаҳои гуногуни  ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансур кӯчаву роҳравҳо, назди биноҳо ва майдончаҳои варзиширо аз ҳар гуна партовҳои маишӣ ва хазонбаргҳо тоза намуданд.

Гурӯҳи дуюм, ки аз ниҳолшинонон ташкил ёфта буд, дар шаҳраки 42 ва маҳаллаи “Равшангарон”-и ноҳияи Фирдавсӣ беш аз 150 арчаи ҳамешасабз ва дарахти сояафкан шинониданд.


Ҳашарчиён иброз доштанд, ки ҳадафи мо тозаву озода намудани хонаву коргоҳ, кӯчаву роҳҳо, гулгашту хиёбонҳо ва дар маҷмуъ, пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе мебошад. Зеро пойтахт оинаи миллатнамои давлат буда, ҳар хориҷие, ки ба Тоҷикистон меояд, нахуст ба шаҳри зебову дилорои Душанбе қадам мениҳад.

Дар охир аз дигарон низ даъват шуд, ки ба ин гуна иқдом шарик шаванд, то дар якҷоягӣ тавонем шаҳри худро сарсабз гардонем ва барои насли наврас намунаи ибрат гашта, дӯст доштани табиат, макони зист ва сарзаминамонро омӯзонем.

Ҳашари умумишаҳрии ҳизбиён таҳти шиори “Шаҳри ман – хонаи ман” ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳо оид ба густариши корҳои ободонӣ, тозагиву озодагӣ, ниҳолшинониву сабзкорӣ ва нигоҳдории майдончаҳои варзишии шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 17 январи соли 2024 тасдиқ гардид, ҳар ҳафта гузаронида шуда, то ҷашни 30-солагии  таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон идома меёбад.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Февраль 24, 2024 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«БА ДАРАХТОН ОБ ДИҲЕД!». Таҳти ин унвон Кумитаи иҷроияи Ҳизиб Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино маъракаи ҳизбӣ мегузаронад
Зиёда аз 4 ҳазор дарахтони ороишию мевадиҳандаи боғи навбунёди ноҳияи Мурғоб зимистони сардро бе зарар гузарониданд
Дар Боғи «Ирам» намоишгоҳи ҷумҳуриявии хайриявии гулу растанӣ баргузор шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Мастчоҳ беш аз 4000 бех ниҳоли ороишиву ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Лахш 1200 бех ниҳоли мевадиҳанда ва ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати шоҳроҳи Ваҳдат-Норак беш аз 1500 бех ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Хуросон тадбирҳои ниҳолшинонӣ анҷом дода шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Имсол дар ноҳияи Шуғнон 3 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадор мешинонанд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд 150 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 150 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида мешаванд
ТАТБИҚИ БАРНОМАИ «МАМЛАКАТИ САБЗ». Дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат 1500 бех ниҳол шинонида шуд