ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 феврал, чоршанбе, 52-юмин рӯзи соли 2024 аст

Февраль 21, 2024 08:00

21 феврали соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаҳои ниҳолшинонии чанд гӯшаи шаҳри Душанбе иштирок ва мардумро ба вусъат додани бунёди боғҳо ва сабзазоркунию ободонии муҳити зист ҳидоят намуданд.

***

 Дар ин рӯзи соли 2012 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия маросими ботантанаи ифтитоҳи Маркази фарҳангии Тоҷикистон «Хайём» баргузор гардид.

 ***

21 феврали соли 2012  дар муҳокимаи парлумонии палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон  Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ» баррасӣ шуд.

***

21 феврали соли 2013 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи бознигарии солонаи машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка баргузор гардид.

***

21 феврали соли 2018 масоили марбут ба ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи кишоварзӣ дар Душанбе баррасӣ гардид.

***

21 феврали соли 2018 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили 25-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбиро барои хизмати намунавии ҳарбӣ, саҳми арзанда дар таҳкими артиши миллӣ ва ҷасорату фидокорӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардониданд.

***

21 феврали соли 2019 дар мувофиқа бо  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намудҳои халтачаҳои наврӯзӣ тасдиқ гардиданд. Халтачаҳои наврӯзӣ, ки барои туҳфаҳо пешбинӣ шудаанд, бо шаклу дизайни гуногун таҳия шуда, дар онҳо рамзу ангораи Наврӯзи соли 2019 тасвир ёфтаанд.

***

21 феврали соли 2020 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ ба ифтихори 27-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

***

21 феврали соли 2022 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар якчанд  мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд.

***

21 феврали соли 2023 дар Қасри миллат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили 30-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ хизматчиёни низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва ҷасорату фидокорӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардониданд.

  21 ФЕВРАЛ:

Рӯзи байналмилалии забони модарӣ.

***

Рӯзи байналмилалии роҳбалад.

***

Дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ – Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Истадой Муҳаммадҷонова -соли  1953, -ҳунарпешаи театр, овозхони тоҷик. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1987).

Февраль 21, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш