ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 феврал, якшанбе, 56-умин рӯзи соли 2024 аст
Дар ҳамин рӯзи соли 2015 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйиру илова ворид гардид, ки тибқи он ҳамасола 14 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи соҳибкорон таҷлил мешавад.
***
25 феврали соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди «Боғи 25-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон» дар шаҳри Ҳисор оғози расмӣ бахшиданд.
***
25 феврали соли 2016 Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» таъсис ёфт.
***
25 феврали соли 2020 ҷаласаи нахустини Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» дар Тоҷикистон баргузор гардид.
***
25 феврали соли 2021 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зиёд намудани андозаи стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин магистр, аспирант ва докторантҳо ба тасвиб расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2022 дар Душанбе бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко ҷаласаи пленарии Форуми VII байнипарламентии «Тоҷикистон-Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» доир гардид.
25 ФЕВРАЛ:
Дар Ҷумҳурии Доминикан – Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ.
***
Дар Кувайт – Рӯзи миллӣ.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Бозор Тилавов — соли 1932 — доктори илмҳои филология.
***
Исматулло Ибодов — соли 1952 — рӯзноманигор.