ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 феврал, чоршанбе, 38-умин рӯзи соли 2024 аст

Февраль 7, 2024 08:00

7 феврали соли 1992  шартнома оид ба таъсиси Иттиҳоди Аврупо ба имзо расид.

***

7 феврали соли 2009 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» ба имзо расид.

***

7 январи соли 2011 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  машварати корӣ доир намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия  дар мулоқоти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Чехия Милош Земан масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду давлат баррасӣ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2017  ВАО хабар доданд, ки таҳиякунандагони чинӣ компютери пурқувваттарин ва дар айни ҳол хурдтарин дар ҷаҳон – «MeegoPad»-ро ба намоиш гузоштанд.

***

7 феврали соли 2020 Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои бунёдии якчанд корхонаи истеҳсолии сохташаванда дар Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар буриши кӯчаҳои Садриддин Айнӣ ва Зебунисои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт  шинос шуданд. Ин минтақа  дар масоҳати қариб 9 гектар ҷойгир  буда,  дар он   сохтмони корхонаҳои нави саноатӣ ба истиқболи шоистаи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми ширкатҳои тавлидотӣ ва соҳибкорони ватанӣ бо маром идома дорад.

***

7 феврали соли 2022 Сафири нави Подшоҳии Белгия дар Тоҷикистон ба Душанбе омад.

***

 7 феврали соли 2023 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Вазири меҳнати Давлати Қатар доктор Алӣ ибни Самиҳ Ал-Марӣ мулоқот намуд. Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи байниҳукуматӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои саноат, сармоягузорӣ, бахши хусусӣ, иқтисоду тиҷорат ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 7 ФЕВРАЛ:

Дар Гренада — Рӯзи истиқлол.

*** 

Дар Ҷумҳурии Тотористон  — Рӯзи нишон.

Февраль 7, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 феврал, шанбе, 53-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 феврал, ҷумъа, 52-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, панҷшанбе, 51-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 феврал, чоршанбе, 50-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 феврал, сешанбе, 49-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 феврал, душанбе, 48-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 феврал, якшанбе, 47-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 феврал, шанбе, 46-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 феврал, ҷумъа, 45-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 феврал, панҷшанбе, 44-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 феврал, чоршанбе, 43-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 феврал, сешанбе, 42-юмин рӯзи соли 2025 аст