Вулқони Эбеко дар ҷазираҳои Курил бори дуюм давоми 24 соат хокистарашро ба ҳаво партофт
ДУШАНБЕ, 13.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вулқоншиносон дар вулқони Эбеко дар ҷазираи Парамушири қаторкӯҳҳои Курили Кабир (вилояти Сахалин) дар як шабонарӯз дуюмин партоби хокистарро сабт намуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус дар шабакаи Telegram — и Пажуҳишгоҳи вулқоншиносӣ ва зилзилашиносии филиали Шарқи дури Академияи илмҳои Русия хабар дода шудааст.
«Вулқони Эбеко дар ҷазираҳои Курил дар баландии 2,5 километр аз сатҳи баҳр хокистар партофтааст», — омадааст дар иттилоия. Дарозии хокистар рӯ ба самти шимолу шарқ 5 километрро фаро гирифтааст.
Қаблан 12 феврал партоб ба масоҳати 3 км сабт гардида буд. Фаъолнокии вулқон барои парвози ҳавопаймоҳои маҳаллӣ хатарнок мебошад.
Вулқони Эбеко дар кисми шимолии Парамушир ҷойгир буда, баландии он 1156 метрро ташкил медиҳад. Он дар байни моҳи ноябри соли 2016 фаъол шуда буд. Барои он аломати ранги норанҷии хатари авиатсионӣ гузошта шудааст. Ин маънои онро дорад, ки вулқон бо эҳтимоли зиёди таркиш фаъолияти баланд зоҳир менамояд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






