Ҷаласаи нуҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Март 12, 2024 17:26

ДУШАНБЕ, 12.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи нуҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон (Шуро) таҳти роҳбарии Раиси Шуро – Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо иштироки мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, намояндагони вазоратҳои молия, адлия ва Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллӣ хабар доданд, дар ҷаласа  иҷрои қарорҳои қабулгардидаи ҷаласаи ҳаштуми Шуро муҳокима гардида, гузориши масъулин оид ба андешидани тадбирҳои зарурӣ барои рушди таъмини ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути воситаҳои электронии пардохт ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ, монеаҳо дар раванди татбиқи низоми байналмилалии баҳисобгирии молиявӣ дар корхонаҳои давлатӣ ва рушди бозори ипотека баррасӣ гардид.

Аъзои Шуро бо пешниҳоди рӯнамоиҳо оид ба масъалаҳои мубрам, аз қабили киберамният дар низоми бонкӣ, раванди гузариши пардохти хизматрасонии давлатӣ ба таври ғайринақдӣ, хавфҳои эҳтимолии фискалӣ, инчунин хавфҳои корхонаҳои давлатӣ муҳокимаронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки дар ҷаҳони имрӯза бо шиддат гирифтани вазъи геосиёсӣ ва рақобату номуайяниҳо дар муносибатҳои тиҷоратӣ, зиёд гардидани мушкилиҳо вобаста ба тағйирёбии иқлим ва нобаробарии иҷтимоӣ дар самти пешгӯии хавфҳо ва коҳиши таъсири онҳо ба иқтисоди миллӣ ҳамоҳангии зичи вазорату идораҳои калидӣ нақши муассир мебозад.

Таъкид гардид, ки дар шароити имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳон баланд бардоштани иқтидор ва рақобатпазирии самтҳои асосии фаъолияти бахшҳои молиявӣ тавассути ҷорӣ намудани хизматрасониҳои муосири бонкӣ, бахусус вусъат додани ҳисобборакунии ғайринақдӣ ва рушди инфрасохтори низоми пардохт, инчунин амн нигоҳ доштани низоми молиявӣ аз киберхатарҳо масъалаҳои муҳим арзёбӣ мегарданд. Бо мақсади дар ҳамоҳангӣ татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи иқтидори мавҷуда ва суръат бахшидан ба рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт беҳтар намудани хизматрасонии иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ шуданд. Ба ин васила қарорҳои марбута дар самти зиёд намудани ҳиссаи амалиёти ғайринақдӣ тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ ва истифодаи маҷозӣ ҳангоми анҷом додани хизматрасонии пулӣ, коҳиш додани хавфҳои фискалӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти корхонаҳои давлатӣ ва ғайра қабул гардиданд.

Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми байниидоравии доимамалкунандаи машваратӣ буда, бо мақсади баррасии масъалаҳои таъмини суботи молиявӣ, ошкор намудани хавфҳо дар низоми молиявӣ ва пешниҳоди тадбирҳо баҳри коҳиш додани онҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 таъсис дода шудааст.

 АКС: Бонки  миллии Тоҷикистон

Март 12, 2024 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Пулҳои коғазии ҷашнӣ бо арзиши номиналии 100 сомонӣ ба муомилот бароварда шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.6691 то 10.8000 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе дар мавзуи «Пули сомонӣ-рукни давлатдории миллӣ» конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
ПУЛИ МИЛЛӢ – РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ. Имрӯз аз ба муомилот баровардани пули миллӣ — сомонӣ 25 сол сипарӣ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1164 то 0.1150 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор мулоқот доир гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2975 то 9.3200 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2954 то 9.3500 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: русӣ аз 1 рубли 0.1153 то 0.1130 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1137 то 0.1130 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2271 то 9.3000 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.7054 то 10.6000 сомонӣ муқаррар шудааст