«Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ». Дар Душанбе Фестивали чоруми дӯстии ҷавонон доир мешавад

Март 28, 2024 17:18

ДУШАНБЕ, 28.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пагоҳ, 29 март дар шаҳри Душанбе Фестивали чоруми дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе  таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ» баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Ҳадафи баргузории фестивал баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, таҳкими дӯстиву рафоқат ва ягонагӣ дар байни ҷавонон, инчунин табодули таҷриба ва шиносоӣ бо ҷойҳои фарҳангиву фароғатии пойтахт мебошад.

Дар доираи ин фестивал барномаҳои гуногуни маърифативу фарҳангӣ, илмиву амалӣ, омӯзишӣ, конфронс ва саёҳат ба мавзеъҳои фарҳангӣ дар назар аст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 28, 2024 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад