«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши анъанавӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 13.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯз 15 март дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавии «Аз Наврӯз то Наврӯз» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллӣ Алишер Зарипов иттилоъ дод.
Дар намоиш ашёи нави дорои моҳияти таърихию фарҳангӣ, ки давоми як сол, яъне аз Наврӯзи соли 2023 то Наврӯзи соли 2024 бо роҳҳои гуногун -экспедитсияҳо, харид, қабули туҳфа ҷамъоварӣ гардидаанд, пешкаши ҳамагон мегарданд. Ҳамзамон дар доираи намоиши анъанавии «Аз Наврӯз то Наврӯз» китобҳои тозанашри муассиса муаррифӣ мешаванд.
Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимии мардуми ориёитабор буда, аз қадимулайём дар радифи дигар идҳои аҷдодонамон, аз ҷумла Меҳргон, Сада ва Тиргон бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Наврӯз аз калимаи тоҷикӣ гирифта шуда, маънояш «рӯзи нав», «тоза», «рӯзи нахустин» буда, он таҷлилу тантанаи иди баҳор ва сароғози соли нав аст, ки ифодагари эҳёи табиат ва бедоршавии набототу ҳайвонот мебошад.
Ҷашни Наврӯз ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ ё 21 марти солшумории мелодӣ рост меояд. Ин ҷашн таърихи шашҳазорсола дорад, ки аз қадимтарин ва куҳантарин иди мардуми ориёитабор маҳсуб мешавад. Аксарияти сарчашмаҳои таърихӣ пайдоиши Наврӯзро ба давраи ҳукмронии шоҳаншоҳи пешдодӣ Ҷамшед нисбат медиҳанд.
Соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил шуд. Соли 2010 бо пешниҳоди давлатҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла Тоҷикистон дар иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон шуда, инак дар саросари ҷаҳон бошукуҳ таҷлил мегардад.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






