ДАСТОВАРДИ СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар 20 мақомоти марказӣ ва 16 мақомоти ҳокимияти давлатии Тоҷикистон ҳайати кормандон аз ҳисоби занон аз 30 фоиз боло мебошад

Март 6, 2024 09:52

ДУШАНБЕ, 06.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Давоми 32 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон занону духтарон бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеа ба мақоми арзанда соҳиб гардиданд. Ин соҳибэҳтиромӣ имконият дод, ки занону духтарон дар пешрафту тараққиёти соҳаҳои мухталифи хоҷагии мамлакат нақши муассир гузоранд. Имрӯз зани тоҷик олиму омӯзгор, табибу сиёсатмадор, ҳунарманду варзишгар, рӯзноманигору ихтироъкор, муҳандису ҳомии Ватан буда, қариб дар ҳамаи касбу кор пешқадам аст.

Бахшида ба Рӯзи Модар хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода суҳбат намуд.

 АМИТ «Ховар»: Имрӯзҳо «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030» ва Стратегияи миллии фаъолгардонии  нақши занон дар ҷомеа  таҳия ва ба тасвиб расидааст. Мегуфтед, ки ҳайати кормандони сохторҳои мамлакат аз ҳисоби занон чӣ қадар аст?

Бунафша Файзиддинзода: Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2023 бо қаноатмандӣ изҳор намуданд, ки Ҳукумати мамлакат ҷалби занонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ боз ҳам вусъат мебахшад, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва давлату ҳукумат ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорад.

Ҳоло дар 20 мақомоти марказӣ ва 16 мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳайати кормандон аз ҳисоби занон аз 30 фоиз боло мебошад.

Аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумлаи кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Инчунин занон дар соҳаи маорифи мамлакат беш аз 73 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 71 фоиз, фарҳанг 47фоиз, алоқа 25 фоиз, соҳаи бонкдорӣ 39 фоиз, соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз, соҳаи энергетика 14,1 фоиз, алалхусус дар иншооти муҳими аср- Неругоҳи барқи обии «Роғун» 687 нафар ва дар корхонаҳои саноати сабук 87,8 фоизро ташкил медиҳанд.

Вазъи иқтисодии ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ва махсусияти иқтисоди бозаргонӣ доираи фаъолияти занонро беш аз пеш зиёд намуда, аз шумораи умумии 340 ҳазору 115 соҳибкори инфиродии амалкунанда 79 ҳазору 985 (24,8 фоиз) нафарро занон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 982 нафар зиёд аст. Аз шумораи умумии 172 ҳазору 108 нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ 38 ҳазору 927 (22,6 фоиз) нафарро занон-роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил медиҳанд.

АМИТ «Ховар»: Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани иқтидори иқтисодии занон кадом тадбирҳо андешида шудаанд?

Бунафша Файзиддинзода: Яке аз василаҳои баланд бардоштани иқтидори иқтисодии занон ва оилаҳо- ин ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ба ҳисоб меравад. Соли 2022 аз ҷониби ташкилоти қарзии низоми бонкӣ ба 760 ҳазору 939 (31,9 фоиз) нафар занон 3 миллиону 729 ҳазору 032,4 (35,4% аз ҳаҷми умумӣ) сомонӣ қарзҳо дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 490 миллиону 302 ҳазор (15,1 фоиз) ё 54 544 (7,7 фоиз) зиёд аст. Бақияи пасандозҳо 2 миллиону  976,8 ҳазор сомонӣ ё 27,3 фоизро ташкил медиҳад.

Бо мақсади инкишофи институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, дастгирии соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти соҳибкории занон таъсис дода шуданд, ки ҳамчун таҷрибаи муҳим барои дастгирии занон арзёбӣ мегардад. Аз соли 2011 то 2013 ҳамасола бо ин мақсад аз буҷети давлатӣ барои 40 лоиҳаи мақсаднок 1 миллион  сомонӣ ҷудо мешуд. Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 теъдоди грантҳо аз 40 ба 80 адад ва ҳаҷми маблағҳо аз 1 миллион сомонӣ ба 2 миллион сомонӣ зиёд  шуда, аз соли 2016 то соли 2022 аз ҳисоби маблағҳои гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 480 нафар занону духтарони мамлакат маблағҳои бебозгашт дар ҳаҷми 12 миллиону 500 ҳазор сомонӣ бо мақсади таъмин намудани онҳо бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ ҷудо гардид. Дар ин давра зиёда аз 6200 зани хонанишин бо ҷойи нави кор таъмин ва ба шуғлу касбомӯзӣ фаро гирифта шуд.

Бо ташаббусу ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии минбаъдаи соҳибкории занону духтарони ҷумҳурӣ соли 2022 маблағҳои грантӣ аз 2 миллион  ба 2,5 миллион сомонӣ расонида шуданд.

АМИТ «Ховар»: Барои афзоиш додани шумораи мутахассисони дорои  маълумоти олӣ, хусусан аз ҳисоби духтарони ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ  кадом дастгириҳо амалӣ мешаванд?

Бунафша Файзиддинзода: Бояд гуфт, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо ташаббус ва дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешрафти ҳамаҷонибаи занону духтарон ва афзоиши шумораи мутахассисони дорои маълумоти олӣ аз ҳисоби духтарони ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ ба пешрафти онҳо таъсири ҷиддӣ гузошта шуд.

Дар ин давра зиёда аз 13 ҳазору 835 духтар тибқи квотаи президентӣ мактабҳои олии мамлакатро  хатм намуда, дар соҳаҳои гуногун ба нафъи давлату ҷамъият бо азму талош ва ташаббусҳои созанда фаъолият доранд.

Дар 21 соли охир беш аз 504 ҳазор духтарон ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм намуда, соҳиби касби дилхоҳ гардиданд. Аз ин ҳисоб 239 ҳазори онҳо соҳиби маълумоти олӣ ва ҳоло боз 100 ҳазор духтар дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсили илм менамоянд.

Дар баробари ин, стипендияҳои президентӣ, стипендияҳои номӣ, стипендияҳои Кумитаи кор бо занон ва оила, дигар мақомоти марказӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои дастгирӣ ва ҳавасманд намудани донишҷӯдухтарон таъсис дода шуданд.

Натиҷаи чунин дастгириву ғамхориҳои давлату ҳукумат аст, ки дар айни замон дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди академикҳо аз ҳисоби занон 11 нафар, профессорон 130 нафар, докторони илм 104 нафар, номзадони илм 1124 нафар, дотсентон 390 нафар ва дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарон 743 нафар занону ҷавондухтарон фаъолият мебаранд, ки 80 нафари онҳо кадрҳои роҳбарикунанда, 2 нафар академик, 3 нафар узви вобастаи Академияи илмҳо, 24 нафар доктори илм, 101 нафар номзади илм, 40 нафар докторони PHD ва 270 нафар магистрантон мебошанд.

Дар 5 соли охир шумораи ихтироъкорон аз ҳисоби занон ба 210 нафар расида, соли 2022 аз 61 зани ихтироъкор 5 нафар бо ихтирооти нодир дар сатҳи байналмилалӣ сазовори Шоҳҷоиза ва медали тилло ва 2 нафар сазовори медали биринҷӣ гардиданд, ки ин дар рушди  илми муосири тоҷик саҳми назаррас мегузорад.

Ҳадафи давлату Ҳукумати мамлакат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум, бахусус наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ мебошад.

АМИТ «Ховар»: Аз нигоҳи Шумо дар замони муосир  ҷаҳони маънавии аҳолии мамлакат, махсусан занону духтаронро чӣ гуна метавон тақвият бахшид?

Бунафша Файзиддинзода: Ташкил ва баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон–Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат», ««Тоҷикон» дар оинаи таърих», ки ба хотири баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳиву худшиносӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавии аҳолии мамлакат баргузор мешаванд, як нуктаи бисёр муҳимро собит менамоянд, ки дар байни наврасону ҷавонони мо, махсусан духтарон, ки нақши барҷаста ва муносибати ҷиддии модарону занони моро дар масъалаи китобхонии фарзандон таҷассум менамояд, истеъдодҳои нодир ба воя мерасанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем. Натиҷаи заҳматҳои занону модарон буд, ки дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз 95  иштирокчӣ 65 нафар ё 68,4 фоизро занону духтарон ташкил дода, Шоҳҷоиза ва 63 ҷойи намоёнро соҳиб  гардиданд.

Натиҷаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» нишон дод, ки аз шумораи 75 иштирокчии даври ҷумҳуриявӣ 9 нафарро духтарон ташкил дода, барандагони ҷойҳои 1,2,3 ва ҷойҳои ифтихорӣ дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ 9 нафар духтарон гардиданд.

Аз 77 ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 17 нафарро занону духтарон ташкил дода, барандаи «Шоҳҷоиза» ва 16 ҷойи намоён низ онҳо гардиданд.

Умед дорем, ки дар озмунҳои навбатӣ саҳм ва иштироки занону духтарон манфиатбахшу назаррас гардида, онҳо истеъдодҳои наврасу ҷавонро дар руҳияи хештаншиносӣ тарбия менамоянд, то дар оянда дар пешрафти илму фарҳанг ва ватандӯстӣ нақши арзишманд гузошта тавонанд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»  

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 6, 2024 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» татбиқ мегардад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Он барои таҳким бахшидани пояҳои оиладорӣ таҳия гардидааст
Тоҷикистон соли 2025 мизбони Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳои Созмони Милали Муттаҳид мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад