Дар Душанбе ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 15.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат хабар медиҳад.
Дар мулоқот иброз гардид, ки равобити дӯстонаи Тоҷикистон ва Эрон- ин ду давлати ҳамзабону ҳамфарҳанг бо саъю талошҳои пайвастаи роҳбарон — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Иброҳим Раисӣ сол то сол уфуқҳои тоза касб намуда, рушду равнақ меёбад.
Ҷонибҳо аз ҳамкории мутақобилан судманд, аз ҷумла ҳамкории фарҳангии ду давлати ба ҳам дӯсту бародар ёдовар гардида, бо ҳам табодули афкор намуданд.
Роҳбарияти Вазорати фарҳанг аз баргузории барномаи фарҳангии муштарак таҳти унвони «Шоми мероси фарҳангии муштараки Тоҷикистон ва Эрон» ёдовар гардида, ташкили чунин чорабиниҳоро муфид ва муҳим арзёбӣ намуд.
Ҳарду ҷониб изҳори умед намуданд, ки равобити дӯстона, алалхусус дар соҳаи фарҳанг минбаъд низ идома меёбад.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид






