Дар Хатлон масъалаи ҷалби соҳибкорони кореягӣ ба иқтисоди вилоят баррасӣ шуд

Март 6, 2024 10:05

ДУШАНБЕ, 06.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони «Марҳабо ба Хатлони бостон» дар шаҳри Кӯлоб бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донгсок мулоқот анҷом дод, ки зимни он масъалаи ҷалби соҳибкорони кореягӣ ба иқтисоди вилояти Хатлон баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ иброз гардид, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ сол то сол рушд меёбад, ки ин ба манфиати ҳарду ҷониб мебошад.

Раиси вилоят доир ба вилояти Хатлон, ки яке аз минтақаҳои калонтарин ва дорои захираю имконияти васеи ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф мебошад, маълумот дода, иброз намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои рушди соҳибкорӣ ва махсусан соҳибкорони хориҷӣ тамоми шароити заруриро муҳайё намудааст.

Таъкид гардид, ки барои тавсеаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ заминаҳои хуб ва умедбахш фароҳам оварда шудаанд.

Сафири Кореаи Ҷанубӣ иброз дошт, ки ҳоло барои татбиқи се лоиҳаи бузург дар вилояти Хатлон кор мебаранд ва дар нақша аст, ки моҳи майи имсол санги асоси яке аз корхонаҳо гузошта шавад.

Дар идомаи мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ дар самти рушди муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, саноат ва кишоварзӣ, маориф, таҳкими муносибатҳои дӯстона байни минтақаву вилоятҳои ду мамлакат, сайёҳӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ муҳокима шуданд.

АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Март 6, 2024 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд