Дар минтақаи Краснодари Федератсияи Русия Фестивали ҷаҳонии ҷавонон оғоз гардид

Март 2, 2024 08:36

ДУШАНБЕ, 02.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. 1 март дар қаламрави федералии Сириус дар минтақаи Краснодари Федератсияи Русия   Фестивали ҷаҳонии  ҷавонон оғоз гардид, ки дар он 20 ҳазор ҷавонони гуногункасб иштирок доранд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин фестивал 275 ҷавони аз 18 то 35- сола намояндагӣ менамоянд. Инчунин аз Ҷумҳурии Беларус 630 нафар,  аз Узбекистон беш аз 200 нафар, аз  Ҳиндустон 360 нафар, аз Конго 100, аз Бангладеш 95 ва аз Аргентина 100 ҷавон дар фестивал иштирок доранд.

Ҳамчунин бори нахуст дар Фестивали ҷаҳонии ҷавонон 500 навраси аз 14 то 17-сола аз Русия ва 500 нафар аз хориҷ  имконияти иштирок   пайдо намуданд.

Дар доираи барномаи махсуси кӯдаконаи «Мо ояндаро якҷоя оғоз менамоем»  иштироки ҳазор хонанда аз 78 кишвари ҷаҳон сабт гардид.

Бино ба маълумоти ташкилкунандагон, барои иштирок дар ин озмун зиёда аз 144 давлат ариза пешниҳод намудаанд, ки аз байни довталабони хориҷӣ 500 нафар барои барнома интихоб шуданд. Аз шумораи иштирокчиён Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Арманистон, Бразилия, Сербия, Молдова, Осетияи Ҷанубӣ, Алҷазоир, Миср, Абхазия ва Покистон пешсаф мебошанд.

Барномаи фестивал дар нуҳ самт, аз ҷумла варзиш, журналистика, илм, тиҷорат, фарҳанг, фаъолияти волонтёрӣ, маориф, муносибатҳои байналмилалӣ амалӣ шуда, дар доираи он семинару чорабиниҳои фарҳангӣ- фароғатӣ ва варзишӣ доир мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали ҷаҳонии ҷавонон аз 1 то 7 март идома ёфта, он бо фармони Президенти Русия Владимир Путин баргузор мешавад.

Мақсади асосии баргузории фестивал рушди ҳамкории байналмилалии ҷавонон мебошад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 2, 2024 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид