Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон иншооти гуногуни ҷашнӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 28.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Дилрабо Мансурӣ, ки ҳамзамон роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор мебошад, якчанд иншооти таъйиноти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ҳамроҳ бо Раиси шаҳри Ҳисор дар кӯчаи Файзулло Абдуллоеви Ҷамоати шаҳраки Ҳисор бинои нави Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологиро бо иловаи ду ҳуҷра дар назди он барои Муассисаи давлатии «Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим», ки аз ҷониби соҳибкор Комрон Қодиров бо маблағи беш аз як миллион сомонӣ бунёд ёфтааст, мавриди истифода қарор доданд.
Муовини Сарвазир утоқҳои кории кормандони Марказро дида, ба сифати кори сохтмончиён баҳои баланд дод ва дар ҷавоб ба ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ба ҳифзи солимии ҷомеа ва хизмати содиқона ҳидоят намуд.
Инчунин дар ҳамин кӯча бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо таҳхона ва марказҳои савдою хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Бино дар масоҳати умумии 3590 метри мураббаъ бунёд ёфта, аз 9 ошёна ва 26 хонаи дуҳуҷрагӣ ва 8 хонаи сеҳуҷрагӣ иборат аст. Муовини Сарвазир ва раиси шаҳр дар ошёнаи якуми бино бо Маркази стоматологии «Дента 1», ду дорухона, мағозаи хӯрокворӣ, дар ошёнаи сеюм бо шароит дар ду хонаи истиқоматии шаҳрвандон шинос гардида, аз сифати хонаҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.
Дар деҳаи Шӯроби Афғони Ҷамоати деҳоти Сомон иншооти ҷашнии «Коргоҳи ҳунарҳои мардумӣ», ки аз ҷониби соҳибкор Сайбибӣ Баротова бунёд ёфтааст, ба истифода дода шуд. Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дар майдони 130 метри мураббаъ ба маблағи умумии зиёда аз 400 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Дар коргоҳ 10 ҳунарманди маҳаллӣ бо ҳам омада, ба машғулияти доимии музднок ҷалб шудаанд, ки дар оянда сафи онҳо ба 15 нафар мерасад. Дар коргоҳ либосҳои гуногуни кӯдакона ва занонаю мардона, арӯсиву домодӣ ва зардевориҳо дӯхта шуда, инчунин ҳунармандон ба бофандагию сохтани зоча ва дигар ҳунарҳои аз байнрафтаи мардумӣ машғул мешаванд.
Раиси шаҳр ба роҳбари коргоҳ гуфт, ки ба онҳо барои дастрас намудани ду дастгоҳи атласу адрасбофӣ кумак менамояд. Соҳибкор ният дорад ба коргоҳ ҳунармандони бештарро ҷалб ва ҳунарҳои қадимиро эҳё намуда, маҳсулоти гуногунро пешкаши меҳмонону сайёҳон гардонад.
Дар идома муовини Сарвазири мамлакат ва раиси шаҳр дар деҳаи Ситораи Ҷамоати деҳоти Навобод толори варзиширо, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ёфтааст, ба истифода доданд. Дар толор бо варзишгарон мулоқот намуда, ба варзишгарони наврас тӯб тақдим намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






