ДАРАХТ БИНШОН! Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ беш аз 2000 бех дарахти сӯзанбарги ороишӣ шинонида шуд

Март 17, 2024 11:34

КӮЛОБ,  17.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ дар атрофи варзишгоҳи маркази ноҳия зиёда аз 2000 бех ниҳоли сӯзанбарги ороишӣ шинонида шуд.

Тавре сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Восеъ Фируз Нуралиев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ҳашари ниҳолшинонӣ кормандони ташкилоту муассисаҳо ва кормандони ҳифзи муҳити зисти ноҳия фаъолона иштирок намуданд.

Инчунин дар Ҷамоати деҳоти Абдӣ Авазов, Гулистон, Тугарак, Миралӣ Маҳмадалӣ дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шуданд.

Гуфта шуд, ки дар оянда бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии ноҳияи Восеъ дар масоҳати 2 гектар барои нигоҳубини ниҳолҳо, дарахтон ва гулу буттаҳои ороишӣ парваришгоҳ сохта мешавад.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳо ҳашарҳои экологӣ  гузаронида мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 17, 2024 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар шаҳри Хуҷанд ниҳолҳои ҳамешасабзи сарви аризонӣ шинонида шуданд
24 март — Рӯзи гул ва ниҳолшинонӣ. То соли 2040 дар Тоҷикистон беш аз 2 миллиард бех ниҳол шинонида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон дар 5 гектар ниҳоли тут шинонида шуд
Хоҷагии давлатии фаръии ниҳолпарварии ноҳияи Шаҳринав беш аз 80 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун пешниҳод намуд
Дар Ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
Кормандони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳашари ниҳолшинонӣ доир намуданд
Дар вилояти Суғд майдони боғоти мевадиҳанда васеъ мегардад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар вилояти Суғд 750 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ 300 бех ниҳоли санавбар ва сӯзанбарг шинониданд
ДУШАНБЕ – ШАҲРИ ГУЛИ САДБАРГ. Парвариши ин гул хароҷоти зиёд талаб накарда, аз аввали баҳор то барфрезиҳо шукуфон боқӣ мемонад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Хуҷанд беш аз 200 бех дарахти магнолия шинонида шуд
«ТОҶИКИСТОНИ САБЗ». Дар Душанбе 500 бех ниҳоли сӯзанбарг шинонида шуд