ДАРАХТ БИНШОН! Имсол дар ноҳияи Шуғнон 3 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадор мешинонанд
ХОРУҒ, 26.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони муассисаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, таълимию тандурустӣ ва фарҳангӣ мутобиқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон дар баробари тозакунии кӯчаву хиёбони шаҳраки Ваҳдат-маркази маъмурии ин ноҳия ҳамчунин ба маъракаи ниҳолшинонӣ ҳусни оғоз бахшиданд. Дар ин хусус хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан хабар медиҳад.
Ба гуфтаи мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия Малвина Дарвозиева, «қарор аст, ки зиёда аз 500 бех ниҳоли сояафкану ороишӣ ва мевадор, ки аз вилояти Хатлон интиқол дода шуданд, шинонида шаванд. Ҳамаи ин ниҳолҳо бо тавсияи мутахассисони соҳаи агротехникии ноҳия ва мутобиқ ба иқлими ноҳия интихоб шудаанд. Имрӯз кормандони ҳамаи идораву муассисаҳо ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, яке ба поку тамиз гардондани кӯчаҳо ва атрофи бино машғул шуд ва гурӯҳи дигар шинондани ниҳоли дарахтони сояафкану мевадорро ба уҳда гирифт. Ҳама гуна дарахтон- чӣ сояафкану чӣ мевадор на танҳо муҳити зистро тозаву беолоиш нигоҳ медоранд, балки онро зебову дилрабо мегардонанд».
Воқеан шинондани ниҳоли дарахтон осон аст, аммо парвариш ва ба самар расондани ин ниҳолҳо кори саҳлу осон нест. Ҳамасола дар шаҳру деҳоти вилоят ҳазорон бех ниҳолҳо шинонида мешаванд, аммо аксарияти ин дарахтон ба иллати бепарвароии масъулин ё хушку пажмурда мешаванд ва ё туъмаи ҳавоноти хонагӣ мегарданд.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Ризо Кабир изҳор дошт, ки ниҳоли дарахтон ба мисли кӯдак ба парвариши хос ниёз дорад. Ҳар касе ки ба ин кор масъул аст, бояд дарахтро нигоҳубин ва сари вақт обу ғизо диҳад, баръакси ҳол ҳам маблағ ва заҳмати одамон барабас хоҳад рафт.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Шуғнон Комил Шоисматуллозода зимни шинонидани ниҳол дар суҳбат ба хабарнигорон гуфт, ки мутобиқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар марҳилаи аввал зиёда аз 500 бех ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадор дар марказ ва ҷамоати деҳоти ноҳия шинонда мешавад ва ба ҳамин тариқ маъракаи ниҳолшинонӣ то даҳаи аввали моҳи апрел идома ёфта, адади ниҳолҳо то ба 3 ҳазор расонда мешавад.
Ҳамчунин имсол дар деҳаи Манеми Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳия боғи интесивӣ дар масоҳати 10 гектар бунёд мегардад. Дар боғи нав усули обёрии қатрагӣ истифода мешавад. Обёрии қатрагӣ як роҳи самаранок ва сарфакоронаи обёрӣ аст. Ин технология одатан дар мавзеъҳои камоб истифода бурда шуда, сол аз сол маъмултар мегардад. Як ҷиҳати ҷолиби ин боғ боз дар он аст, ки панҷараи он 12 волт неруи барқ дорад ва ҳайвоноти хонагию ваҳшӣ имкон надоранд, ки вориди боғ гардида, ба дарахтон осеб расонанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд






