ДАРАХТ БИНШОН! Имсол дар ноҳияи Шуғнон 3 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадор мешинонанд

Март 26, 2024 15:57

ХОРУҒ,  26.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони муассисаҳои иқтисодию иҷтимоӣ,  таълимию тандурустӣ ва фарҳангӣ мутобиқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон дар баробари тозакунии кӯчаву хиёбони шаҳраки Ваҳдат-маркази маъмурии ин ноҳия  ҳамчунин ба маъракаи ниҳолшинонӣ ҳусни оғоз бахшиданд. Дар ин хусус хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан хабар медиҳад.

Ба гуфтаи мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия Малвина Дарвозиева, «қарор аст,  ки зиёда аз 500 бех ниҳоли сояафкану ороишӣ ва мевадор, ки аз вилояти Хатлон интиқол дода шуданд, шинонида шаванд. Ҳамаи ин ниҳолҳо бо тавсияи мутахассисони соҳаи агротехникии ноҳия ва мутобиқ ба иқлими ноҳия интихоб шудаанд. Имрӯз кормандони ҳамаи идораву муассисаҳо ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, яке ба поку тамиз гардондани кӯчаҳо ва атрофи бино машғул шуд ва гурӯҳи дигар  шинондани ниҳоли дарахтони сояафкану мевадорро ба уҳда гирифт. Ҳама гуна дарахтон- чӣ сояафкану чӣ мевадор на танҳо муҳити зистро тозаву беолоиш нигоҳ медоранд, балки онро зебову дилрабо мегардонанд».

Воқеан шинондани ниҳоли дарахтон осон аст, аммо парвариш ва  ба самар расондани ин ниҳолҳо кори саҳлу осон нест. Ҳамасола дар шаҳру деҳоти вилоят ҳазорон бех ниҳолҳо шинонида мешаванд, аммо аксарияти ин дарахтон ба иллати бепарвароии масъулин ё хушку пажмурда мешаванд ва ё туъмаи ҳавоноти хонагӣ мегарданд.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Ризо Кабир изҳор дошт, ки ниҳоли дарахтон ба мисли кӯдак ба парвариши хос ниёз дорад. Ҳар касе ки ба ин кор масъул аст, бояд дарахтро нигоҳубин ва сари вақт обу ғизо диҳад, баръакси ҳол ҳам маблағ ва  заҳмати одамон барабас хоҳад рафт.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Шуғнон Комил Шоисматуллозода зимни шинонидани ниҳол дар суҳбат ба хабарнигорон гуфт, ки мутобиқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  дар марҳилаи аввал зиёда  аз 500 бех ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадор дар марказ ва ҷамоати деҳоти ноҳия шинонда мешавад ва ба ҳамин тариқ маъракаи ниҳолшинонӣ то даҳаи аввали моҳи апрел идома ёфта, адади ниҳолҳо то ба 3 ҳазор расонда мешавад.

Ҳамчунин имсол дар деҳаи Манеми Ҷамоати деҳоти Сучони  ноҳия боғи интесивӣ дар масоҳати 10 гектар  бунёд мегардад. Дар боғи нав усули обёрии қатрагӣ истифода мешавад. Обёрии қатрагӣ як роҳи самаранок ва сарфакоронаи обёрӣ аст. Ин технология одатан дар мавзеъҳои камоб истифода бурда шуда, сол аз сол маъмултар мегардад. Як ҷиҳати ҷолиби ин боғ боз дар он аст, ки панҷараи он  12 волт неруи барқ дорад ва ҳайвоноти хонагию ваҳшӣ имкон надоранд, ки вориди боғ гардида, ба дарахтон осеб расонанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 26, 2024 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боғи «Ирам» намоишгоҳи ҷумҳуриявии хайриявии гулу растанӣ баргузор шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Мастчоҳ беш аз 4000 бех ниҳоли ороишиву ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Лахш 1200 бех ниҳоли мевадиҳанда ва ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати шоҳроҳи Ваҳдат-Норак беш аз 1500 бех ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Хуросон тадбирҳои ниҳолшинонӣ анҷом дода шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд 150 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 150 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида мешаванд
ТАТБИҚИ БАРНОМАИ «МАМЛАКАТИ САБЗ». Дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат 1500 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ дар канори шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат дарахтони ҳамешасабз шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ беш аз 2000 бех дарахти сӯзанбарги ороишӣ шинонида шуд
«ШАҲРИ МАН – ХОНАИ МАН». Дар Душанбе беш аз 200 арчаи ҳамешасабз шинонида шуд