Гурӯҳҳои корӣ ба сокинони шаҳри Роғун муҳтавои суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро фаҳмониданд

Март 16, 2024 15:25

РОҒУН, 16.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақшаи чорабиниҳои  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун барои фаҳмонидани муҳтавои суханронии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат 9 марти соли 2024  дар Ҷамоати деҳоти Қади Об вохӯрии гурӯҳи корӣ бо сокинони деҳаи Ёли Гармоба доир гардид. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  дар  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун  хабар доданд.

Дар вохӯрӣ оид ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии терроризму экстремизм дар байни шаҳрвандон, ҷинояткорӣ байни наврасону ҷавонон, омилҳои савдои одамон, коррупсия, инчунин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, риояи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи танзими анъана ва ҷашну маросим, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа, бо шуғл фаро гирифтани ҷавонони аз 18-сола боло, пешгирии дигар омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, танзими рафтани шаҳрвандон ба ҳаҷи умраю исрофкорӣ накардани онҳо  сухан гуфта шуд.

Иброз гардид, ки сокинони шаҳр аз суханронии Сарвари давлат бисёр таассуроти нек бардоштанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин вохӯрӣ вобаста ба густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ,  бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқа ва низоъҳои диниву мазҳабӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, суханронӣ намуданд, ки саривақтӣ буда,  ба оромию осоиштагии сокинон ва  таъмини сулҳу суботи ҳамешагӣ таъсири хуб мерасонад.

Вобаста ба сари вақт расонидани муҳтавои суханронии Пешвои миллат дар ин мулоқот Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун нақшаи чорабиниҳо таҳия намуд. Гурӯҳҳои корӣ иборат аз фаъолону ходимони дин ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар деҳаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр  бо сокинон суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд.

Гуфта шуд, ки дарки арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанг ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ин самт корҳои назаррас анҷом дода мешаванд. Дар ҳақиқат фаъолияти босамари Пешвои миллат ва мақомоти давлатӣ мебошад, ки имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон аз ҳувияти миллиашон огоҳ гардида, бо ҳисси баланди худшиносию худогоҳӣ барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд ва насли наврасро дар руҳияи ватандӯстию худшиносии миллӣ тарбия менамоянд.

АКС:  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун

Март 16, 2024 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад