МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хӯрдани себ ба дил қувват бахшида, камхуниро бартараф месозад
ДУШАНБЕ, 22.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Себ меваи фоидабахше аст, ки истеъмоли ҳамаи навъҳои он ба инсон фараҳ мебахшад. Хӯрдани себ дил, майна ва ҷигарро қавӣ мегардонад, инчунин бӯйиданаш ҳам чунин хислатҳоро доро аст. Он аз оҳан бой буда, ҳамарӯза истеъмоли себ ба одамони камхун тавсия дода мешавад, зеро себ гемоглобинро дар организми инсон баланд менамояд.
Ба гуфтаи мутахассисон, дар таркиби себ витаминҳои фоиданок мавҷуд буда, дилро тақвият мебахшад. Барои нафарони мубталои фишори хун беҳтарин даво аст. Аз ҷисм намаку моддаҳои нодаркорро бароварда, барои паст намудани фишори хун тавсия дода мешавад.
Нафароне, ки фишори хунашон баланд аст, бояд ҳар субҳ 1 дона себи сабзро бо каме нони сиёҳ истеъмол намоянд. Ё ин ки як соат қабл аз хӯрок ним истакон шарбати себи сабз истеъмол намоянд. Ҳангоми заҳролудшавӣ истеъмоли себ муфид аст. Дар таркиби себ сорбенти табиӣ вуҷуд дорад, аз ин рӯ, заҳрҳоро аз бадан хуб тоза мекунад.
Ғизошиносон хӯрдани себро барои дилтапак (дилбозӣ) ва душвории нафас тавсия медиҳанд. Себ иштиҳоро мекушояд, сари меъдаро қувват мебахшад ва намегузорад, ки моддаҳои бегона ба меъда ворид шаванд.
Хӯрдани як дона себ 20 дақиқа пеш аз хӯрок иштиҳои хубро кафолат медиҳад. Себ барои вазни зиёдатиро кам намудан фоида дорад. Парҳези дуҳафтаина бо себ мавҷудияти холестеринро дар хуни инсон тақрибан 30% коҳиш медиҳад.
Дар Англия зарбулмасале ҳаст: «Нафаре, ки дар рӯз себ мехӯрад, ба духтур муроҷиат нахоҳад кард». Дар воқеъ ҳам себ яке аз меваҳои манфиатовар барои организми инсон мебошад. Таркиби себ аз антиоксидантҳо бой мебошад, ки он ба кори дил ва майна кумак мерасонад ва кислотаҳои дар таркибаш буда ба ҳазми хӯрок мусоидат менамоянд. Себ аз нахҳо, витаминҳои C, K, E, B1 ва B6, инчунин калий ва калсий бой аст.
Агар себро аз ҳад зиёд нахӯред, он ба саломатии шумо хатарнок намешавад. Аммо дар баъзе мавридҳо хӯрдани аз меъёр зиёди он метавонад оқибатҳои начандон хуб ба бор орад. Дар таркиби тухми мева сианид мавҷуд аст. Фурӯ бурдани он гумон аст, ки зарар расонад, аммо агар тухмашро ба миқдори зиёд бо хоидан бихӯранд, саббаи заҳролудшавӣ мегардад.
Ҳамзамон табибон чунин мешуморанд, ки беморони гирифтори диабети қанд набояд аз 2 дона себ зиёд истеъмол намоянд. Он ҳам фақат себи сабз бояд бошад. Тавре муайян гардидааст, себи сабз дорои кислотаи аскорбин, витамини C буда, дар муқоиса бо себи зард ва сурх фоидааш зиёдтар мебошад. Себ барои пешгирии атеросклероз тавсия дода мешавад. Ним истакон афшураи себи сабз қабл аз хоб барои бехобӣ ва оромии асаб тавсия дода мешавад. Ҳамчунин пӯсти себро хушконида ё тару тоза ҳамчун чой дам карда нӯшед, барои фаромӯшхотирӣ давои хуб аст. Барои зуком ва бронхит низ нӯшобаи пӯсти себ тавсия дода мешавад.
Дар китоби “Канзи шифо” омадааст, ки бояд одамони гарммизоҷ себи турш ва сардмизоҷон ширинашро тановул намоянд. Агар дар ҳолати хӯрдани себи ширину турш дар худ вазнинӣ ҳис намоед, набояд аз болои он оби хунук нӯшед. «Себи тунҷро дар миёни хамир гирифта, дар зери оташ пухта бихӯранд, исҳоли хунинро мебандад, барои иллати сил ва лоғарӣ дармон мешавад. Ин себро кӯфта, ба чашм гузошта банданд, дарди чашмро нафъ дорад».
Набояд фаромӯш намуд, ки кӯдакони хурдсол ва калонсолоне, ки барои фурӯ бурдани ғизо душворӣ мекашанд, дар сурати фурӯ бурдани пораҳои себи хом нафасгир мешаванд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ








БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Дар доираи он бо хонаводаҳои зиёде суҳбати инфиродӣ гузаронида шуд
ХУДШИНОСИЮ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Озмуни «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳими фарҳангию маърифатӣ аст
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ». Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии ҳунармандӣ баргузор мегардад
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сӯзании Панҷакент рамзи фарҳанги миллӣ ва пешрафти ҳунарҳои дастии занони тоҷик аст
Соли 2026 барои соҳаи маориф қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли пешин 25,4 фоиз зиёд аст
Гуфтори «Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон» заминаи ваҳдати миллӣ ва фарҳанги ҳамзистиро муҳайё месозад
АЗ СЕ ЯК ҲИССАИ УМРИ ИНСОН ДАР ҶОИ КОР МЕГУЗАРАД. Ва ё ба кормандон муҳайё намудани шароити хуби меҳнат зарур аст
АВВАЛ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ, БАЪДАН ҲУВИЯТИ ДИНӢ. Тоҷик касест, ки худро вориси тамаддуни ниёгон медонад
ТАНИ СОЛИМ МАҲСУЛИ АҚЛИ СОЛИМ АСТ. Ва ё чаро баъзе доруҳо ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ мерасонанд?
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Миллатдӯстӣ шарти асосии муқовимат ба таҳдидҳои мафкуравӣ аст
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ. Аз таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 19 сол пур шуд






