МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС: Хоҳед, ки ҳамеша ҷавон ва солим бимонед, моҳӣ хӯред

Март 31, 2024 16:19

ДУШАНБЕ, 31.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Гӯшти моҳӣ дар таркибаш сафеда, аминокислота, йод, фтор, калтсий, марганес, синк, селен, оҳан, магний, фосфор, бром, витаминҳои A, D, F, E, С; PP ва дигар ғизоҳои фоидаовари табиӣ дорад, ки сабаби расогии ақл, пешрафти зеҳн, беҳтар шудани биноии чашм гардида, пешгирикунандаи хушкии пӯст мебошад. Ин витаминҳо ба зебо нигоҳ доштани зоҳир ва солимиву дарозумрии инсон мусоидат менамоянд.

Ба гуфтаи табибон, гӯшти моҳӣ ҳуҷайраҳои пӯсти чеҳраро ҷавон ва зебову таранг нигоҳ медорад. Он тамоми касалиҳои меъда ва фарбеҳшавиро пешгирӣ менамояд. Имрӯз, ки фарбеҳшавӣ дар ҷаҳон масъалаи доғ аст, хӯрдани гӯшти моҳӣ барои кам гардидани вазни бадан фидаовар аст.

Дар илми тиб исбот шудааст, ки моҳӣ масунияти (иммунитети) баданро боло мебардорад, хусусан тухми моҳӣ (икра) барои пешгирӣ ва ҳатто барои табобати касалиҳои қанд, гурда ва фарбеҳшавии бемеъёр айни муддао буда, боиси мустаҳкамшавии мушакҳои дил мегардад.

Соли 2014 таҳқиқоти олимон исбот намуд, ки одамоне, ки мунтазам моҳӣ мехӯранд, дар онҳо эҳтимоли гирифторӣ ба афсурдаҳолӣ камтар аст. Кислотаҳои равғании омега-3, ки дар таркиби моҳӣ мавҷуд мебошанд, дар мубориза бо афсурдаҳолӣ кумак менамоянд ва самаранокии зиддиафсурдаҳолиро ба таври назаррас афзоиш медиҳанд.

Тавре мутахассисон изҳор медоранд, кислотаҳои равғании Омега-3, ки дар таркиби моҳӣ мавҷуд ҳастанд, саломатии дил ва майнаро нигоҳ медоранд. Организми инсон тавоноии ҳосилкунии омега-3-ро надорад, барои ин ҳам мо бояд онро аз ғизо дарёф намоем. Ҳамзамон гӯшти моҳӣ нисбат ба гӯшти гов ва паранда тезтар ҳазм шуда, организм онро тезтар аз худ менамояд.

Хӯрдани гӯшти моҳӣ кори мағзи сарро беҳтар ва ҳангоми пирӣ хотираи инсонро мустаҳкам менамояд. Тибқи таҳлиле, ки дар маҷаллаи амрикоии кардиология «PUB-MED» нашр шудааст, хӯрдани моҳӣ метавонад хатари бемории ишемияи дилро коҳиш диҳад. Кислотаҳои равғании Омега-3 дар маҳсулот илтиҳобро коҳиш дода, сатҳи триглитсеридҳоро паст менамоянд ва барои ба эътидол овардани фишори хун мусоидат менамоянд.

Тибқи маълумоти Пажуҳишгоҳи миллии тандурустӣ, моҳӣ аз витамини D бой буда, яке аз беҳтарин сарчашмаҳои парҳезии ғизо ҳисобида мешавад. Ин витамин, ки онро ғизои офтобӣ меноманд, барои азхудкунии калсий, саломатии устухонҳо ва афзоиши он муҳим мебошад. Он инчунин илтиҳобро коҳиш дода,  барои фаъолияти кори мушакҳо ва мубодилаи глюкоза зарур мебошад. Мавҷудияти витамини D боис мегардад, ки хоби инсон муназзам гардида, бехобӣ рафъ шавад.

Моҳӣ барои саломатии пӯсти инсон хеле манфиатовар аст. Таҳқиқоте, ки дар маҷаллаи BioMed Central нашр гардидааст, нишон медиҳад, ки равғани моҳӣ барои тоза намудани пӯсти инсонҳо аз ҳар гуна доғ ва доначаҳо хеле таъсирбахш аст.

Бино ба таҳлили маҷаллаи амрикоии клиникии ғизои «Klinikal Nutrition», моҳӣ хатари пайдошавии баъзе намудҳои бемории саратонро кам менамояд. Олимон муайян намудаанд, ки нафароне, ки дар рӯйхати истеъмоли ғизояшон миқдори зиёди ин маҳсулот мавҷуд аст, яъне бештар гӯшти моҳиро истеъмол менамоянд, камтар ба намудҳои бемории саратон, аз қабили саратони атрофи даҳон, ҳалқ, рӯдаи ғафс ва ғадуди зери меъда гирифтор мешаванд.

Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, сифати моҳӣ ба сифати об алоқаманд аст, ҳар қадар об тоза бошад, ҳамон андоза моҳӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза мешавад. Таъми моҳӣ ҳам ба об вобаста аст. Об ширин бошад, моҳӣ ширин, шӯр бошад, шӯр мешавад.

Ҳар сол дар дунё барои маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза озмунҳо гузаронида мешаванд. Соли 2002 дар Женева Тоҷикистон барои сифати моҳӣ соҳиби ҷоизаи тиллоӣ гардид.

Коршинос иброз медоранд, ки ба ғайр аз гӯшти моҳӣ, инчунин устухони он давои беназир буда, дар таркибаш калтсий, калий ва витамини А хеле фаровон мебошад. Кӯфтаи устухони моҳӣ барои нест намудани ҳуҷайраҳои саратон ёрӣ мерасонад. Инчунин маълум гардид, ки гӯшт ва устухони моҳӣ аз ҳама муҳим ба иллатҳои вобаста ба майнаи сар, аз ҷумла саръ (эпилепсия) фоида дошта, ҳамзамон барои пешгирии касалиҳои сироятшавандаи вирусӣ ва зуком давои беҳамто мебошанд.

Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи меъёрҳои тавсиявии физиологии истеъмолии маҳсулоти асосии озуқаворӣ ба ҳар сари аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» талаботи ҳар сокини ҷумҳурӣ ба истеъмоли гӯшти моҳӣ дар як сол нуҳ килограмм тавсия мешавад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Март 31, 2024 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарадидаи Қазоқистон ба роҳ баромад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид