Муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густариш меёбанд

Март 6, 2024 13:19

ДУШАНБЕ, 06.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Зимни вохӯрии Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибҳо ба масъалаи вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, тақвияти робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ташкили марказҳои логистикӣ дар самти банду баст, коркард, захира, нигоҳдорӣ ва содироти маҳсулот, инчунин муаррифии маҳсулоти ватанӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии содирот хабар доданд.

Директори Агентии содирот Баҳриддин Сироҷиддинзода доир ба тадбирҳое, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тақвияти гардиши савдо байни давлатҳо, таъсиси марказҳои логистикӣ ва ташкили корхонаҳои муштарак дар самти коркард намудани маҳсулоти кишоварзӣ андешида мешаванд,  ибрози назар намуд.

Гуфта шуд, ки Подшоҳии Арабистони Саудӣ яке аз мамлакатҳои иқтисодии пешрафтаи минтақаи Шарқи Наздик буда, дорои захираҳои ғании табиӣ ва таҷрибаи бой дар соҳаҳои мухталиф, аз қабили саноати нафту газ, сохтмон, молия ва сармоягузорӣ мебошад.

Тоҷикистон дар соҳаҳои истеҳсоли обҳои ошомиданӣ, шарбатҳои табиӣ, асал, меваю сабзавоти барвақтии тару тоза, хушкмеваю мағзҳо, маводи ғизоии коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсулоти тайёри нассоҷӣ, саноати коркард ва ғайра иқтидори бузург дошта, метавонад ширкатҳои Арабистони Саудиро ба ҳамкорӣ дар  ин соҳаҳо ҷалб намояд.

Сафири Подшоҳии Арабистони Саудӣ Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон доир ба тақвияти гардиши савдо байни ҷонибҳо маълумоти муфассал пешниҳод намуда, иброз намуд, ки солҳои охир ҳарду давлат кӯшиш менамоянд, ки барои рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ заминаҳои мусоид фароҳам оваранд. Аз ҷумла, ташкили форумҳои байналмилалии сармоягузорӣ, комиссияҳои байниҳукуматӣ ва дигар чорабиниҳои иқтисодӣ-сиёсӣ ба рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии ҳарду давлат метавонанд мусоидат намоянд.

Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон иброз намуд, ки бо Агентии содирот баҳри мусоидат ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодию тиҷоратӣ байни давлатҳо омодаи ҳамкорӣ мебошанд.

АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Март 6, 2024 13:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем