Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ»
ДУШАНБЕ, 20.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо мақсади муаррифии имконияти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон ба сайёҳон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар он муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ, роҳбарияти вазорату кумитаҳо, намояндагони бародаршаҳрҳо ва ташкилоти аъзо, корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалии муқими пойтахт, сохторҳои шаҳрӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок доранд.
Фестивал соли шашум аст, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз гузаронида шуда, мақсади он муаррифии имконияти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон ба сайёҳон мебошад.
Дар зер суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» манзур мешавад.