ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 март, ҷумъа, 75-умин рӯзи соли 2024 аст

Март 15, 2024 08:00

Дар ҳамин рӯзи соли 1925 аввалин шумораи рӯзномаи «Иди тоҷик» (ҳоло «Ҷумҳурият») нашр шуд.

***

15 марти соли 2007 дар шаҳри Душанбе дар ҷараёни сафари Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Тоҷикистон 11 созишномаи байнидавлатӣ ба имзо расид.

***

15 марти соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат сафар намуда, ба сохтмони нақби мошингарди «Чормағзак» оғози расмӣ бахшиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» қабул гардид.

 ***

 15 марти соли 2016 дар  маркази ноҳияи Рӯдакӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба фаъолияти Маркази саломатии ноҳия оғози расмӣ бахшиданд.

***

15 марти соли 2017 дар шаҳри Душанбе масоили гуногуни ҳамкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон дар самти ҳолатҳои фавқулода баррасӣ шуд.

***

15 марти соли 2018  дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанг, маданият ва фарзандони баруманди халқи қазоқ дар назди Муҷассамаи ҳимоятгари Ватан гулчанбар гузоштанд.

***

15 марти соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ муаррифии нахустин консерти Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

***

15 марти соли 2021 Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири Фаронса дар Тоҷикистон Мишел Тарран мулоқот намуд.

***

15  марти соли 2022  ба шарафи Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҷилди 20-уми силсиламаҷмуаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи «Независимость Таджикистана и возрождение нации» бо сифати баланд  ба нашр расид.

***

15 марти соли 2023 намояндаи Тоҷикистон дар нишасти сеюми вазирони энергетикаи Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд.

15 МАРТ:

Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи истеъмолкунандагон.

***

Дар Беларус – Рӯзи Конститутсия.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Урун Кӯҳзод— соли 1937 –Нависандаи халқии Тоҷикистон, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон,  барандаи Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ.

***

Талбак Назаров-  соли 1938 – доктори илми иқтисод, академики АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино.

Март 15, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 феврал, шанбе, 45-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 феврал, ҷумъа, 44-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз, 12 феврал, панҷшанбе, 43-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 феврал, чоршанбе, 42-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 феврал, сешанбе, 41-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 феврал, душанбе, 40-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 феврал, якшанбе, 39-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 феврал, шанбе, 38-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 феврал, ҷумъа, 37-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 феврал, панҷшанбе, 36-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 феврал, чоршанбе, 35-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 феврал, сешанбе, 34-умин рӯзи соли 2026 аст