ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 март, шанбе, 76-умин рӯзи соли 2024 аст
16 марти соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истанбули Туркия дар Форуми панҷуми ҷаҳонии об суханронӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2012 дар шаҳри Душанбе дар арафаи ҷашни Наврӯзи оламафрӯз бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 352 оилаи кормандони сохторҳои қудратӣ соҳиби хонаҳои муосири хизматӣ шуданд.
***
16 марти соли 2016 дар доираи сафари расмӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Абу Забӣ Масҷиди ба номи Шайх Зойид ибн Султон Оли Наҳёнро тамошо намуданд.
***
16 марти соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба ифтихори иди Наврӯзи байналмилалӣ Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедронӣ баргузор шуд.
***
16 марти соли 2021 намояндагони корхонаи федералии тиббии Институти илмӣ-таҳқиқотии зидди вабои Федератсияи Русия «Микроб»-и назди Хадамоти федералии назорат ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсон- «Роспотребнадзор» ба Тоҷикистон омаданд.
***
16 марти соли 2022 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XXII Шуро баргузор гардид.
***
16 марти соли 2023 Тоҷикистон ва Беларус ҳамкориро дар самти муқовимат ба коррупсия густариш медиҳанд.
16 МАРТ:
Дар Қазоқистон – Рӯзи гвардияи ҷумҳуриявӣ.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Муҳаммад Ғоиб -соли 1954- Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ва Ҷоизаи адабии ба номи Чингиз Айтматов, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
***
Давлат Қурбонов-соли 1943 – дирижёр, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, Ҳунарпешаи шоистаи ҷумҳурӣ, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.