ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 март, сешанбе, 79-умин рӯзи соли 2024 аст
Дар ин рӯзи соли 2009 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҳиндустон дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридании андоз аз даромадро тасдиқ намуд.
***
19 марти соли 2009 дар шаҳри Душанбе 10-солагии фаъолияти Бонки Рушди Осиё дар Тоҷикистон таҷлил шуд.
***
19 марти соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ки дар шаҳри Москва баргузор гардид, суханронӣ намуданд.
***
19 марти соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ба имзо расид.
***
19 марти соли 2014 дар шаҳри Душанбе боғи нави Наврӯзгоҳ, ки дар масоҳати 146 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн намудааст, мавриди баҳрабардории умум қарор гирифт.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 дар Академияи илмҳои Тоҷикистон Симпозиуми аввалини Тоҷикистон ва Ҷопон оид ба илм, технология ва навоварӣ баргузор гардид.
***
19 марти соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Борбади ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 99 мавриди истифода қарор гирифт.
***
19 марти соли 2020 бахшида ба Ҷашни байналмилии Наврӯз дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара мусобиқаи кушоди гӯштини миллӣ бо доираи васеи паҳлавонони маъруфи тоҷик аз ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ дар сатҳи баланду хотирмон баргузор гардид. Дар мусобиқа зиёда аз 500 паҳлавон байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон рақобат намуданд.
***
19 марти соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сатҳи баланд дар мавзуи «Татбиқи ҳадаф ва вазифаҳои марбут ба оби Рӯзномаи 2030» дар шакли маҷозӣ суханронӣ намуданд.
***
19 марти соли 2022 бо ибтикори намояндагиҳои доимии давлатҳои ҳавзаи Наврӯз (Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Озарбойҷон, Ироқ, Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Туркманистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон) дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Париж ба муносибати Рӯзи байналмилалии Наврӯз барномаи бошукуҳи идона доир гардид.
***
19 марти соли 2023 байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд созишнома ба имзо расид.
19 МАРТ:
Рӯзи байналмилалии мизоҷ.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШДААНД:
Шодибек Сатторӣ- соли 1947 -шоир
***
Иззатулло Ғаниев- соли 1948- кимиёшинос, профессор, Ихтироъкори шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2001) Ҷоизаи Фонди исломии рушди илм, технология ва фарҳанг (ISESCO)