ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 март, шанбе, 83-юмин рӯзи соли 2023 аст
23 марти соли 2014 дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли маҳлулҳои зарфшӯйиро расман ба кор дароварда, ба сохтмони корхонаи бузурги коркарди нафт оғоз бахшиданд.
***
23 марти соли 2015 дар саҳни Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд ба истиқболи ҷашни Наврӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки Сарвари давлатро беш аз 200 нафар зиёиёни эҷодкор аз тамоми гӯшаю канори мамлакат ҳамроҳӣ менамуданд, тантанаи бошукуҳи идона доир гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 дар паҳлуи Қасри фарҳангии Арбоб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои зебои амфитеатр мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
***
Дар ин рӯзи соли 2019 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи маҷмааи варзишии Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
23 марти соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар деҳоти Ғозиёни ноҳия майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор дода, бо фаъолону сокинон суҳбат намуданд.
***
23 марти соли 2021 ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхӯҷаев бо сафари корӣ ба Душанбе омад.
***
23 марти соли 2022 Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Солномаи фаъолияти Сарвари давлатро дар соли 2021 — соли таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор намуд.
23 МАРТ:
Рӯзи байналмилалии метеорологҳо.
***
Рӯзи Покистон – яке аз идҳои асосии Ҷумҳурии Исломии Покистон.
***
Дар Боливия – Рӯзи баҳр.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Ҳомид Яқубов-соли 1934 — доктори илмҳои химия